Назари бисёр ҷолиби Энгелс дар бораи забони порсӣ дар номааш ба Моркс
Фридриш Энгелс, файласуф, назарияпардози сиёсӣ ва аз ҳамкорони наздики Корл Моркс, дар номае ба Корл Моркс, ки дар 6 июни 1853 навишта, аз вежагиҳои забон ва адаби порсӣ менависад:
“Аз он ҷойе, ки чанд ҳафтае машғули кор бар рӯйи мавзӯи як навъ “намоиши шарқӣ” будам, фурсате фароҳам шуд, ки забони форсиро биёмӯзам. Ман бидуни сарфи замони қобили таваҷҷӯҳе, тавонистам забонеро, ки дорои чаҳор ҳазор реша аст ва қидматаш ба ду то се ҳазор сол пеш бозмегардад фаро гирам. Забони форсӣ комилан монанди бозии кӯдакона (содда ва дилнишин) аст. Агар алифбои форсӣ, алифбои арабӣ набуд, ки дар он ниме аз ҳуруф шабеҳи ниме дигар аст ва ҳуруфи садодор навишта намешавад, ман тааҳҳуд медодам, ки дастури забони форсиро дар камтар аз 48 соат метавон омӯхт. Ҳадди аксар се ҳафтаро низ барои (омӯхтани) кулли забони форсӣ муайян кардаам, аммо агар Вилём Пипер (рӯзноманигор ва инқилобии олмонӣ) ду моҳ барои ин кор замон бигузорад, аз ман ҳам беҳтар хоҳад шуд. Бисёр ҳайф, ки Войтлинг (инқилобии олмонӣ ва аз нахустин назарияпардозони кумунизм) форсиро балад нест; вагарна метавонист “забони ҷаҳонӣ”-и мавриди назарашро дошта бошад, зеро форсӣ танҳо забоне аст, ки дар он “ман” ва “барои ман” ҳаргиз дар тазодд бо якдигар нестанд ва “мафъули барои” ва “мафъули роӣ” бо якдигар яксон ҳастанд. Аз сӯйе дигар хондани девони Ҳофиз ба забони аслӣ бисёр лаззатбахштар аст, то ин ки тарҷумаи лотини он тавассути сэр Вилём Ҷунз, ки монанди латифаҳои зишту бемаънӣ аст…”
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн