Наметавон Путинро сокит кард
Номаи саркушода ба Тромп
Номае саргушода аз Эдуард Топул ба Доналд Трамп
Ҷаноби Президенти муҳтарам!
Доналди азиз!
Ҳамчун муаллифи панҷоҳ китоб ва дувоздаҳ филм дар бораи Русия, ман худро ҳаққдор медонам, ки пеш аз мулоқоти шумо бо Путин, шуморо огоҳ созам.
Ҳатто агар шумо виллаи Мар-а-Лаго-ро дар Палм-Бич, бурҷи Трампро дар Ню-Йорк ва дувоздаҳ чӯби гулф аз маҷмӯаи шахсии худро ба ӯ бидиҳед, бояд бидонед, ки ӯ наметавонад ҷанг бо Украинаро бас кунад.
На аз он сабаб, ки намехоҳад дар ин миён танаффус бигирад, балки аз он сабаб, ки ӯ наметавонад.
Зеро ӯ таърихи Русияро на аз китобҳои дарсӣ, балки аз зиндагии воқеӣ ёд гирифтааст.
Бозгашти неруҳои низомии рус аз Аврупо ба Русия баъди пирӯзӣ бар Наполеон ба қиём ва шӯриши зиддитетарии «Десембристҳо» (Шӯриши декабристҳо) дар соли 1825 овард.
Шикасти Русия дар ҷанги Русия ва Ҷопон боиси инқилоби соли 1905 гардид.
Фирори як миллион сарбози рус аз фронти Русия ва Олмон дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии аввал боиси истеъфои император Николай II ва инқилоби февралии соли 1917 шуд.
Сулҳномае, ки Ленин бо Олмон имзо кард, ба болшевикон имконият дод, ки тамоми аъзои хонаводаи подшоҳиро ба қатл расонанд.
Фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ бо бозгашти қувваҳои шӯравӣ аз Афғонистон дар моҳи феврали соли 1989 оғоз ёфт.
Путин, ки ҳамаи инро медонад, наметавонад ҷангро бо Украина хотима диҳад ва нерӯҳояшро ба хона баргардонад.
Ягона имконияте, ки дар моҳи майи соли 1945 ба Сталин кӯмак кард, то аз табаддулоти пас аз ҷанг ҷилавгирӣ кунад, ин буд, ки ӯ қариб тамоми артиши худро дар Аврупо ҳамчун нерӯҳои ишғолгар нигоҳ дошт.
Путин орзуи ишғоли Украина, инчунин кишварҳои Балтик, Финландия, Полша ва ғайраро дар сар мепарварад, то артиши худро аз Маскав дур нигоҳ дорад.
Ӯ ба хубӣ дар ёд дорад, ки чӣ гуна 525 ҳазор сарбозе, ки дар соли 1989 аз Афғонистон баргаштанд, ба «авбошони афғонӣ» табдил ёфтанд, ки тамоми аҳолии Иттиҳоди Шуравиро ба ваҳшат андохтанд.
Ӯ медонад, ки агар як миллиону ним сарбоз – қотилон, дуздон ва таҷовузгарони ҳирфаӣ – аз фронти Украина ба хона баргарданд, чӣ рӯй хоҳад дод.
Ҷанг бо Украина ба Путин имкон дод, ки аз ду миллион фаъоли мухолифи режими худ, ки маҷбур шуданд аз Русия фирор кунанд, халос шавад.
Боқимондаи ҷавонони русро бошад, ё ба фронт фиристод, ё ба хизмати низомӣ маҷбур намуд.
Имрӯз ҳар ҷанг – бо Украина, бо кишварҳои Балтик, бо НАТО ё бо ҳар каси дигар – беҳтарин роҳ барои маҷбур сохтани Русия ба таслим шудан дар баробари Путин ва ҳукумати низомии ӯст.
Ин барои Путин муҳимтар аз ҳар чизест, ки Президент Трамп метавонад ба ӯ пешниҳод кунад.
Ман намехоҳам, ки Путин – як агенти собиқи КГБ, дузд ва қотили миллионҳо нафар – шуморо бо беҳаёӣ фиреб диҳад, дурӯғ бигӯяд ва раиси ҷумҳури Амрикоро гумроҳ созад.
Ман мутахассиси низомӣ ё сиёсатшинос нестам, аммо нависандае ҳастам бо хотираи хуб. Ман ба ёд дорам, ки чӣ гуна Роналд Рейган, Маргарет Тэтчер ва Папаи Рум – Иоанн Павел II тавонистанд нархи нафтро то 9 доллар барои як бушка поин биёваранд, ба афғонҳо мушакҳои «Стингер» диҳанд ва бо ин роҳ Маскавро аз ишғоли Афғонистон боздоранд – ки дар натиҷа боиси фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ гардид.
Агар шумо мехоҳед Путин ва орзуҳои империявии ҷонибдоронашро боздоред, бояд ҳамин корро кунед -нархи нафтро ҳадди ақал то 25 доллар барои як бушка поин биоред ва ба Украина силоҳҳое диҳед, ки тавонад таҷовузгарро шикаст диҳад.
Дар бораи хоҳиши шумо барои эҷоди ҳамкории тиҷоратии миёни Амрико ва Русия, на танҳо дар сухан, балки дар амал – ин метавонад пас аз сад сол рӯй диҳад, ё шояд ҳеҷ гоҳ.
Агар ба ин масъала ҷиддан таваҷҷӯҳ доред, бо ман тамос бигиред, то ман тавзеҳ диҳам.
Бо эҳтиром,
Эдуард Топул (Эдмунд Топелберг)
qalamonline.net
Қаламонлайн













