Нармиши Аморот дар ривояти ҷангталабонаи ин амирнишинӣ
Ахбори байналмилал
Анвар Қарқош, мушовири сиёсии раиси Аморот, талош кард, ривояти ҷангталабонаи пешини ин кишварро андаке мулойим кунад
Ба гузориши хабаргузории Форс, ӯ навишт:
“Бархе расонаҳо дар тафсири мавзеи Аморот зиёдаравӣ кардаанд ва ин мавзеъ бояд дар чорчӯби муносиби худ қарор гирад.”
Ӯ иддао кард, ки “Эрон, мавҷудият ва зерсохтҳои ҳаётии моро ҳадаф қарор дода ва ҷони ғайринизомиёнро таҳдид мекунад.”
Анвар Қарқош сипас бо чархише қобили тавваҷӯҳ аз “роҳи ҳалли сиёсӣ” сухан гуфт ва навишт:
“Бо ин ҳол, мо бори дигар бар ин бовари худ таъкид мекунем, ки як роҳи ҳалли сиёсӣ бояд зомини амнияти пойдор барои минтақа бошад, на роҳи ҳаллҳои муваққатӣ, ки бесуботиро барои даҳаҳои оянда бозтавлид мекунанд.”
Қаламонлайн













