Ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Яман ба Исроил
Ахбори байналмилал
Ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Ансоруллоҳи Яман ба аҳдофе дар ҷануби Фаластини ишғолӣ
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳамлаи мушакӣ ва паҳподӣ ба аҳдофе дар ҷануби Фаластини ишғолӣ (Исроил) хабар дод.
Ба гузориши Алҷазира, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ин ҷунбиш бо истифода аз мушакҳои круз ва паҳподҳо, аҳдофе ҳаётиро дар ҷануби Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор додааст.
Бар асоси ин гузориш, вай таъкид кард, ин амалиёт ҳамзамон бо ҳамалоти Эрон ва Ҳизбуллоҳ анҷом шуда ва бо муваффақият ба аҳдофи худ даст ёфтааст.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин эълом кард, амалиёти ин ҷунбиш дар рӯзҳои оянда идома хоҳад ёфт ва то замони таваққуфи таҷовуз мутаваққиф нахоҳад шуд.
Қаламонлайн













