Нерӯи ҳиммат
Ҳикоят
Мӯреро диданд ба зӯрмандӣ камар баста ва малахеро даҳ баробари худ бардошта. Ба таъаҷҷуб гуфтанд:
— Ин мӯрро бибинед, ки бо ин нотавонӣ боре ба ин гаронӣ чун мекашад?
Мӯр чун ин сухан бишнид, бихандид ва гуфт:
— Мардон борро бо нерӯи ҳиммату бозуи ҳамийят кашанд, на ба қуввати тану захомати бадан. (Манбаъ: «Баҳористон»-и Ҷомӣ)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: