Нигоҳи Аврупо ба Осиёи Миёна

Таҳлили хабарӣ

Нигоҳи Аврупо ба Осиёи Миёна

Нигоҳи Аврупо ба Осиёи Миёна ва Коридори миёнӣ

Коридори миёнӣ – пружаи қарни бисту якуми Аврупо

Дар чанд соли гузашта, минтақаи Осиёи Миёна қадамҳои устуворе барои афзоиши тиҷорати минтақаӣ бардоштааст. Акнун ки раванди тиҷорати минтақаӣ дар ҳоли анҷом аст, Иттиҳодияи Аврупо метавонад аз тариқи сармоягузории стротежик дар ҳимоят аз тавсиаи лоҷистик барои интиқоли манобеъ, маҳсулот ва сармояи инсонӣ аз тариқи коридори миёнӣ (масире, ки Осиёи Миёнаро тавассути баҳри Каспий ба Қафқоз муттасил намуда ва сипас ба воситаи Туркия ба Аврупо муттасил мекунад), дошта бошад.

Барои ҳазорон сол, масири Осиё ба Аврупо ба сурати заминӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна мегузашт ва имрӯза, Чин ва Бонки Тавсиаи Осиёӣ, барои бозсозии ин масир сармоягузориҳои муҳимме доштаанд.

Бо ин ҳол, ин иштибоҳ аст, ки кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқозро фақат ба унвони масири тронзитӣ нигоҳ кунем. Дар ҳоле ки ин минтақа ба худии худ, низ метавонад мақсаде барои сармоягузории стротежикии Иттиҳодияи Аврупо бошад. Аз пахтаву матоъҳои тавлидшуда дар Узбекистон гирифта то манобеи табиии Қазоқистон ва заминаҳои муҳимми тавсиаи гардишгарӣ ва туризм ва табодули фарҳангӣ.

Коридори миёнӣ фурсатҳоеро барои Осиёи Миёна ва Қафқоз барои танаввуъ бахшидан ба бозорҳои худ ва ҷазби сармоягузории ширкатҳои гуногуни аврупоӣ ироа медиҳад.

Коридори миёнӣ ба унвони масири иттисолии Иттиҳодияи Аврупо, Осиёи Миёна, Қафқоз ва Туркия, изофа бар масири тронзитӣ барои колои чинӣ, зарфияти эҳдоси хутути лулаи гоз ва хутути диҷитолиро низ фароҳам мекунад.

Инчунин Коридори миёнӣ потенсиали фавқулодае ба унвони бозор ва шарики Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин зарфияти эҷоди рафоҳу маишат ва сулҳ хоҳад буд ва фурсатро барои ҳар кишваре дар имтидоди ин коридор ба армуғон хоҳад дошт.

Дар робита ба аҳмияти ин коридор бояд инро изофа намуд, ки ба гуфтаи коршиносон, Коридори миёнӣ – пружаи қарни бисту якуми Аврупо ба шумор меравад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон ва истиқлоли фарҳангӣ
Муҳаббат

Матолиби пурбоздид