Ниёгони тоҷикон
Таърихи тоҷикон
Дар нимаи аввали ҳазораи аввали то мелодӣ, ачдодони тоҷикони ҳозира – бохтариҳову суғдиён, аҳолии асосии давлатҳои қадимтарини ғуломдории Осиёи Миёна – Бохтар ва Суғд буданд.
Бохтар – қисмҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозира (ҷануб ва ҷанубу шарқтар аз қаторкӯҳҳои Ҳисор) ва Суғд – ҳавзаи Зарафшон, Қашқадарё ва музофоти шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисорро фаро мегирифтанд.
Аҳолии қадимаи водии Фарғона (музофоти Даван), ҳамчунин қабилаҳои сершумори кӯчманчӣ ва нимкӯчманчии сакҳо – сокинони Помир, Тиёншон ва Сирдарё, ачдодони тоҷикон буданд.
Забони ин халкиятҳо ба шохаи шарқии гурӯҳи забонҳои эронӣ тааллуқ дошта, аз забони тоҷикии дертар ташаккулёфта фарқ мекарданд.
Дар асри VI пеш аз мелод, шоҳ Куруш Бохтар ва Суғдро забт намуда, онҳо ба давлати форси Ҳахоманишиён дохил мегарданд. Дар асри IV пеш аз мелод, онҳо як қисми давлати Искандари Мақдунӣ шуда, аз асри III пеш аз мелод ба давлати ворисони ӯ – Селевкиён дохил мегарданд. Баъдтар аз он салтанати Юнону Бохтар ҷудо мешавад. Миёнаҳои асри II пеш аз мелод дар натиҷаи муборизаи озодихоҳонаи бохтариҳову суғдиён, ҳокимияти мақдуниҳо дар Юнону Бохтар сарнагун мешавад. Тахориҳо ба Бохтар якҷоя бо қабилаҳои массагетҳову сакоиҳо омада дар озодкунии мамлакат ва ҳаёти минбаъдаи сиёсӣ нақши калон бозиданд.
Аз асри IV Бохтар, Тахористон номида мешуд. Тахориҳо чун чузъи асосӣ ба халқи нав ташаккулёфтаи тоҷикон дохил мегарданд. Сипас Тахористон якҷоя бо қисми зиёди Осиёи Миёна, қаламрави Афғонистони ҳозира ва Ҳиндустони шимолӣ дар ҳайати давлати бузург бо сарварии сулолаи Кӯшониён буд. Ин замони нашъунамои иқтисодиёту маданият, ривоҷёбии алоқаҳо бо Аврупои шарқӣ, Рум, Чин ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои бостоншиносии замони Кӯшониён пайвастани санъати осиёимиёнагӣ, юнонӣ ва ҳиндиро инъикос менамоянд.
Дар асрҳои VI-V ба Суғд ва Тахористон қабилаҳои даштнишини Ҳайтолиён меоянд, аз асри VI бошад дар ин сарзамин ҳокимияти Ҳоқонии турк барқарор мегардад.
Дар асрҳои V—VI низоми феодалӣ торафт бештар вусъат меёбад. Аз асри VI то нимаи дуюми асри Х1Х дар қаламрави Тоҷикистони ҳозира муносибатҳои феодалӣ бо то андозае нигоҳ дошта шудани зуҳуроти боқимондаи куҳна, нақши калони ҷамоат ва ҳатто ғуломдорӣ ҳукмрон буданд.
Болоравии иқтисодиёт, ки асрҳои VI—VII, қабл аз истилои араб ба амал меомад, боиси боз ҳам бештар ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудо шудан мегардад. Аъёну ашрофи заминдор обу заминҳои обёришавандаро азони худ мекарданд.
Баробари болоравии иқтисодиёт, фарҳангу маданият пеш рафта, шаҳрҳо тараққӣ мекарданд. Панҷакент яке аз марказҳои маданияти ибтидоии асримиёнагии Осиёи Миёна буд. Қасру иншоотҳои мазҳабӣ, толорҳои бошукӯҳ, ҳайкалу мусаввараҳои рангӣ, аз дараҷаи баланди фарҳангу маданияти бадеӣ, санъат ва меъмории он замон далолат медиҳанд. Ёдгории катибаҳои Суғд, ки дар вақти кофтукови Калъаи Муғ, дар шаҳри Истаравшан ёфт шудаанд, ба аввалҳои асри VIII мансубанд. Қалъаҳои феодалони асри миёнаи ибтидоӣ, мисли Қалъаи Болои шаҳри Исфара, хеле мустаҳкаму устувор бино шудаанд.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн