Нон ба нархи рӯз хӯрдан!
Ёддошти Сайидалиакбар
Бе моягӣ
Бе решагӣ
Бе ягон меъёру чорчӯб будан
Тафаккуру қолаби ҳаракатро нисбат ба иқтизои ҷавви ғолиб таъйин кардан;
Ин шудааст ҳувият ва шиносномаи бисёре аз тоҷикҳо;
Дар муборизаи сиёсӣ ҳам чинин шудаанду дар гароиши мазҳабӣ ҳам ҳамчунину дар мавозеи иҷтимоию фарҳангӣ ҳам ҳамчунин!
Масалан бархе афрод вақте дар даруни Тоҷикистон буданд, дар замони ҷанги дохилӣ худро ба унвони Муҷоҳиди мусалмон муаррифӣ мекарданд!
Умматгарову дағдағаманди масоили ҷаҳони ислом буданд ва барои Ғазза ҳам кӯмаки мардумӣ ҷамъ карда ҳамоиш баргузор менамуданд!
Охир ҷавви ғолиб инро мепасандиду нархи нон дар он рӯзҳо ҳамин буд!
Бархеҳояшон бо гузашти замону тасбити ҷойгоҳи иҷтимоӣ, тиҷоратро баргузиданду бархе дипломат шуданд!
Боз ҳам чун ҷавви ғолиб инро мепасандиду нархи нон ҳамон буд!
Замона бо онҳо ёр набуду шароит вазъро танг намуд ва аз Тоҷикистон хориҷ шуданд, инҷо нуқтаи ибҳом бар масири онҳо буд!
Дигар парокандагӯиҳо шурӯъ шуд, якбор масоили исломӣ дағдаға буду номашон исломгаро, якбор ҳам баҳси секулории ҷудоии дину сиёсат!
Дар пеши эрониҳо, ба дунболи ҷиҳоду пеши русҳо ба дунболи алтернативсозии ҳукумату пеши аврупоиҳо ба дунболи ҳуқуқи башар!
Медонед чаро?? Чун ҳанӯз намедонистанд “ҷавви ғолиб” кадом асту кадомаш бар кадом мечарбад!!
Кам-кам ҳамон Ғарб чарбиду муҷоҳидин, секулор шуданд, дигар масоил рангу бӯи дигар гирифт, масалан мухолифат бо Раҳмон дар масъалаи мамнӯияти ҳиҷоб, на барои аҳкоми илоҳӣ, балки барои озодии пӯшиш буд!
Ҷавви ғолиб, корҳои бисёр бузурге мекардаст, аммо афродро бисёр кӯчак!
Кор ба онҷо расид, ки исломгароҳоямон дар Укройн фарёди ҷиҳод сар доданд, аммо дар Ғазза сукутро баргузиданд!
Ҳатто баъзан домуллое, бо ҳадису ояту салому салавот, худро бардаи Нетаняҳу донисту барои бардагии ӯ эъломи омодагӣ кард, он ҳам дар ҳоле, ки Нетаняҳу ҳатто устухоне дар пешаш напартофта буд!
Чаро? Чун ҷавви ғолиб онро мепасандид ва нархи нон ҳамон буд!
Ҷавви ғолиб одамро бешарму ҳаё ҳам мекардааст, охир касоне, баъд аз як солу анде, ки дар муқобили Ғазза лол буданд, ба якбора дар Сурия такбир сар дода ҷавононро ба залмситезӣ даъват карданд!
Бале чун арбоби ғарбияшон, эээ мебахшед “ҷавви ғолиб”, фақат Башшорро золим медонист, на Нетаняҳуро!
Чун “ҷавви ғолиб” душмании бо Муқовиматро меписандад, пас ин исломгароёни мо ҳам муборизаи Муқовимат бо Исроилро таҳқир карда, дар муқобили зиллати арбобони арабу турк лоланд!
Дам аз ҳаққи ақаллиятҳо мезананд, аммо кадом ақаллият? Он ақаллияте, ки ҷавви ғолиб онро баргузинад!
Бояд гуфт, ки ин навъи мубориза ҳеч гоҳ созанда нест, чун реша надорад.
Муборизае арзишманд аст, ки озодмардона бошад, агар исломгарост, бо истиқлоли раъй ва андешаву чорчуби решадор бошад!
Агар секулор аст, меъёру мавзеъ дошта бошад!
Агар зидди Исроил аст бар асоси чорчуби мустақил бошад!
Агар мухолифи Эрон ё Муқовимат ҳам ҳаст, бар асоси фикри озодмардона бошад!
Ин арзишманд аст, на оне, ки бо ҷавви ғолиб барои худаш таъйини ҳадафу ҳаракат кунад!
Агар муборизед, пас роҳеро, ки фикр мекунед дуруст аст, тай кунеду таъйини мавзеъ кунед ва бо ҷасорат ва азми росих ба пои он биистеду ҳазинаашро ҳам бипардозед!
На ин ки нонро ба нархи рӯз хуреду, мавзеатонро бар асоси “ҶАВВИ ҒОЛИБ” таъйин намоед! Ин арзише надорад ва дере нахоҳад пойид, ки рӯзе ҷавви ғолиб шуморо дар муқобили худатон қарор даҳад!
Истодан ба пои арзишҳо, агарчӣ сахт асту ҳазинабардор, аммо ширин аст, ё мерасӣ ва ё ҳадди ақал барои ҳамон арзишҳо кушта шудаӣ, на ба хотири ҷавве, ки дигарон бароят ғолиб сохтаанд ва ноне, ки дигарон бароят нархгузорӣ карданд!
Сайидалиакбар
Қаламонлайн