Омодабоши гурдонҳои Қассом барои аз саргирии ҷанг бо режими саҳюнистӣ

Омодабоши гурдонҳои Қассом барои аз саргирии ҷанг бо режими саҳюнистӣ
Гурдонҳои Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос, бомдоди панҷшанбе (30 ноябр) эълом карданд, дар сурати мухолифати режими саҳюнистӣ бо тамдиди оташбас, нерӯҳои ин ташкилоти низомӣ омодаи аз саргирии ҷанг дар Ғазза ҳастанд.
Ба гузориши Ирно ба нақл аз хабаргузории “Само Фаластин”, гурдонҳои Қассом, шохаи низомии Ҳамос, дар баёнияе, аз тамоми нерӯҳои худ дар навори Ғазза хостаанд, барои идомаи ҷанг бо ишғолгарони исроилӣ дар сурати адами тамдиди оташбаси муваққат тайи соатҳои оянда омодагии комил дошта бошанд.
Бар асоси ин баёния, гурдони Қассом аз нерӯҳои худ хостааст, то замоне, ки баёнияи расмӣ дар мавриди тамдиди оташбас содир нашудааст, сатҳи омодагии худро ҳифз кунанд.
Пештар ҷунбиши Ҳамос дар баёнияе эълом карда буд, режими саҳюнистӣ дар ростои идомаи табодули асирон, озодии 10 асир ва куштаи худро напазируфта ва бо он мухолифат кардааст.
Дар баёнияи Ҳамос омадааст: “Режими ишғолгари саҳюнистӣ бо озодии 7 асири зану кӯдак ва дарёфти ҷасади 3 асири худ дар изои тамдиди оташбас, имрӯз (панҷшанбе) мухолифат кардааст.”
Ҳамос афзуд: “Мо аз тариқи миёнҷигарон эълом кардем, ки ҷасади 3 асир аз ҳамон даста аз асироне буданд, ки дар бомбборони Ғазза кушта шуданд.”
Пештар расонаҳои режими саҳюнистӣ гузориш дода буданд, кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ бидуни тавофуқ бар сари мубодилаи асирон, ба кори худ поён додааст.
Мақомоти амниятии режими саҳюнистӣ муддаӣ шуда буданд, ки Ҳамос дар бораи теъдоди асироне, ки қарор аст озод кунад, тағйироте эҷод карда, ки мавриди пазириши ин режим нест.
Оташбаси муваққат соати 7 субҳи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ поён хоҳад ёфт ва талошҳои диплумотик барои тамдиди ин оташбас идома дорад.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тазоҳуроти мардуми Туркия дар муқобили консулгарии Исроил
Эъломи омодагии Эрон ва Арабистони Саудӣ барои боло бурдани равобити низомӣ

Матолиби пурбоздид