Ормоншаҳр ё мадинаи фозила
Мадинаи фозилаи Форобӣ
Форобӣ дар китоби “Мадинаи фозила”-аш, ҷомеаҳои инсониро ба “фозила” ва “ҷоҳила” тақсим мекунад.
Дар бораи мадинаи фозила мегӯяд: мадина (яъне ҷомеа)-и фозила мадинае аст, ки мардумони он ба умуре машғул бошанд, ки дар ниҳоят онҳоро ба сӯйи саодат раҳнамун созад.
Дар бораи мадинаи ҷоҳила (ки Форобӣ онро дар муқобили мадинаи фозила қарор додааст) мегӯяд: мардуми мадинаи ҷоҳила на танҳо саодатро намешиносанд, балки саодат ҳатто ба зеҳнашон хутур намекунад. Аз ин рӯ, агар онҳоро ба сӯйи саодат бихонӣ, ба сӯйи он намераванд ва агар аз саодат барои онҳо бигӯӣ, гӯш фаро намедиҳанд. Онҳо аз хубиҳо чизе намешиносанд ба ҷуз саломати ҷисм ва вусъат дар баҳрабардорӣ аз лаззатҳо, ки агар ба он даст ёбанд, гумон мекунанд ба саодат даст ёфтаанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн