Панҷ сенориюи эҳтимолии ояндаи Сурия аз нигоҳи рӯзномаи туркии Sabah
Рӯзномаи Sabah-и Туркия
Тағйири қудрат дар Сурия мумкин аст бо 5 сенориюи эҳтимолӣ ҳамроҳ бошад ва эҳтимоли таҷзия ва фурӯпошии кишвари Сурия ҳам вуҷуд дорад.
Сенориюи аввал:
Эҷоди ҷумҳурии демукротики Сурия аз тариқи эътилофи аҳзоби мухолиф бо ҷиноҳҳо ва идеулужиҳои мухталиф.
Ба навиштаи ин рӯзнома, агарчӣ дастёбӣ ба ин сенорию душвор аст, аммо аз ҳимояти Туркия, Русия, Омрико ва кишварҳои урупоӣ бархӯрдор хоҳад шуд, зеро ин гузина амнияти Сурияро ҳифз мекунад.
Сенориюи дуввум:
Эъломи таъсиси Ҷумҳурии Исломии Сурия, ки ҳастаи он, созмони теруристии Ҳайати Таҳрири Шом хоҳад буд.
Ба навиштаи ин рӯзнома, дар ин сенорию, идораи Сурия дар дасти он намояндагони ҷунбиши салафӣ хоҳад буд, ки “хусумати идеулужик бо Исроил ва Иёлоти Муттаҳида надошта бошанд.”
Сенориюи севвум:
Эҷоди яки “давлати зидди шиъӣ таҳти контроли Исроил” дар Сурия.
Барномаи ин давлат ба навиштаи ин рӯзнома, мубтанӣ бар муқобила бо нуфузи Эрон, таҳмили муҳосираи Ҳизбуллоҳи Лубнон ва маҳрум кардани он аз ҳимояти низомии Теҳрон хоҳад буд.
Сенориюи чаҳорум:
Эҷоди “Ҷумҳурии федероли Сурия” таҳти назорати Омрико.
Ба навиштаи ин рӯзнома, дар чунин сенориюе, Сурия ба “иёлатҳои ҷудогона мушобеҳи кишварҳои Болкон тақсим хоҳад шуд.”
Сенориюи панҷум:
Таҷзияи Сурия ва шурӯъи дубораи ҷанги дохилӣ дар он ҷо ва ин дар ниҳоят ба фурӯпошии комили ин кишвар мунҷар хоҳад шуд.
Қаламонлайн