Парҳез аз суханони бефоида

Парҳез аз суханони бефоида

* Бишр ибни Ҳорис гӯяд: ду сифат мардумро ҳалок карда: ғайбат ва худписандӣ.

* Афлотун гӯяд: нодон душмани хеш аст, чӣ гуна дӯсти дигарон мешавад? Он ки ҳимматаш шикам аст, қиматаш фаровардаи он аст.

* Аз Дюжан (Diogenes), файласуф ва ҳакими юнонӣ пурсиданд: кадомин сифат саранҷомаш беҳтар аст? Гуфт: имон ба Худо ва некӣ ба падару модар.

* Буқрот гӯяд: фурӯмоягии шахс аз ду чиз равшан мешавад: беҳуда сухан гуфтан ва напурсида ҷавоб додан.

* Ҳукамо гуфтаанд:

* Аз суханони бефоида бипарҳез, ки айбҳои махфиро ошкор мекунад ва душманиҳои хуфтаро бедор.

* Ҳар кӣ дар гуфтор зиёдаравӣ кунад, билағзад, ва ҳар кӣ дигаронро ҳақир шуморад, хор шавад.

* Нишонаи ақл гуфтори кам ва далели фазилат ҳилму ҳавсалаи зиёд аст.

Манбаъ: Насоеҳ

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нуздаҳ гуфтор аз Луқмон Бойматов
Мавъиза

Матолиби пурбоздид