Паёми Нетонёҳу ба мардуми Эрон

Паёми Нетонёҳу ба мардуми Эрон

Нетонёҳу дар паёме видеоӣ бо муроҷиа ба мардуми Эрон ҳарфҳое гуфтааст, ки дар зер машруҳи онро меоварем:

“Дуруд аз Уршалим ба мардуми сарафрози Эрон! Раҳбарони шумо ҷанги 12-рӯзаро бар мо таҳмил карданд ва бохти сангинеро мутаҳаммил шуданд. Онҳо ҳамвора дурӯғ мегӯянд. Аммо гоҳе нохоста ҳақиқатро бар забон меоваранд.

Чанд рӯз пеш, раиси ҷумҳури Эрон гуфт: “Мо мушкили об, барқ, пул ва таваррум дорем, то шаҳривармоҳ ва меҳри имсол, дигар обе пушти садҳо нахоҳад монд…”

Ин гуфта дуруст аст. Ҳама чиз дар ҳоли фурӯпошӣ аст. Дар ин тобистони сӯзон, шумо ҳатто оби покиза ва хунук барои фарзандонатон надоред. Ин ниҳояти риёкорӣ аст, беэҳтиромии ошкор ба мардуми Эрон аст. Шумо шоистаи чунин вазъе нестед, фарзандонатон низ шоистаи чунин шароите нестанд.

Аммо хабари бисёр хубе дорам. Исроил дар рутбаи нахуст дар бозёфти об қарор дорад. Мо навад дарсади фозилоби худро тасфия ва дубора истифода мекунем. Дар фанноварии намакзудоӣ низ пештози ҷаҳон ҳастем. Дақиқан медонем, чӣ гуна метавон Эронро ба кишваре бо оби фаровон табдил кард. Ҳудуди як лаҳза пеш, коноле дар Телеграмма ба забони форсӣ эҷод кардем, то мудирияти обро ба эрониён биомӯзем. Сад ҳазор эронӣ дар ҳамон рӯзҳои нахуст ба он пайвастанд. Оташи об дар Эрон, танҳо бо оташи озодӣ баробарӣ мекунад.

Ва ин хабар олист: ба маҳзи озод шудани Эрон, бартарин мутахассисони оби Исроил бо пешрафтатарин фанновариҳо ва дониш, ба саросари шаҳрҳои Эрон хоҳанд омад, мо ба Эрон дар бозёфт ва намакзудоии об кӯмак хоҳем кард. Ин чӣ шакл хоҳад буд? Тасаввур кунед, дубора бо хонаводаҳояшон дар садди Караҷ эскии рӯйи об анҷом хоҳед дод. Тасаввур кунед, даст дар дасти шарики зиндагиатон, канори рӯдхонаи Фаррухзод қадам бизанед. Тасаввур кунед, дарахтони ташнаи Ниёварон ва Дарбанд ба андозаи дарахтҳои пойгоҳҳои Сипоҳи Посдорон оби фаровон дошта бошанд. Тасаввур кунед, дарёчаи Урумия, ки замоне хиракунанда буд, дар шимоли ғарбии Эрон дубора зинда шавад.

Ин як руъё нест. Ин метавонад воқеият бошад. Аммо диктотурҳои шумо ба ҷойи сохтани чунин ояндае, истибдод ва фақрро бар шумо таҳмил кардаанд, ҳамон тавре ки ҷангро бар мо таҳмил кардаанд. 26 сол аст, ки аз ибтидоитарин ҳуқуқи инсонӣ маҳрум буданд, аз ҳаққи баёни озодона. Навиштан ва хондани ҳар он чи мехоҳед.

Ман ин ҷо китобҳои эрониён, мухолифони барҷастаи эронӣ, ки менависанд ва ҳақиқатро мегӯянд, дорам. Аммо ин китобҳо дар хориҷ аз Эрон мунташир шудаанд. Чунин саркӯбе, чунин зулме!

Шумо фарзандони Куруши Бузург, шоистаи бисёр бештар аз ин ҳастед, шоистаи раҳбарони нестед, ки дар замони ҷанг, шуморо танҳо мегузоранд… Мустабиддони Теҳрон садҳо миллиард доллар ба Ҳамос, Ҳизбуллоҳ ва Ҳусиҳо мефиристанд, ба ҷойи ин ки барои шумо бемористон ва ҷоддаҳо бисозанд… Ин вазъият набояд идома ёбад.

Ман аз шумо мехоҳам алайҳи инҳо қиём кунед ва барандозед, барои ояндаатон…”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ: Муқовимат силоҳи худро таҳвил нахоҳад дод
Ҳусӣ: “Арабҳо бардаи Исроил шудаанд”

Матолиби пурбоздид