Пешрафти иқтисодӣ бидуни тавсиаи сиёсӣ – оқибаташ “Банглодеш” аст

  Пешрафти иқтисодӣ бидуни тавсиаи сиёсӣ, оқибаташ “Банглодеш” аст

“Банглодеш дар даҳаи гузашта ба раҳбарии шайх Ҳасина ва “Иттиҳодияи авом” (ҳизби ҳоким), аз назари иқтисодӣ шукуфо шуд. Иқтисод ба муваффақиятҳои паёпай мерасид. Давлат тасаввур мекард, ба қудрати фароқонуне даст ёфта ва ба баҳонаи чунин тавфиқе, метавонад ҳуқуқи маданӣ ва озодиҳои шаҳрвандиро поймол кунад, аҳзоби мунтақидро саркӯб кунад ва беэътино ба қавонини кишвар ва равиши демукротик, ҳар тавр бихоҳад ҳукумат кунад…”

* * *

Ҳеч инқилобе якшаба рух намедиҳад

 Шӯриши насли ҷадиди Банглодеш алайҳи саҳмиябандӣ

Ба қалами Ҷеннифер Чоудхури (Jennifer Chowdhury) дар Алҷазира

Абӯсаид 25 сол дошт, деҳқонзода ва яке аз 9 фарзанди хонавода буд, аз яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Банглодеш бурсия гирифта буд ва орзу дошт, рӯзе барои худаш шуғли давлатӣ пайдо кунад, суботи иқтисодии тазминшудае мехост, то битавонад таконе ба зиндагиаш бидиҳад ва хонаводаро аз обу гил дароварад.

Давлат аммо дар ҳамин асно, қонуне тасвиб кард, ки бар асоси он, ба хонаводаҳои “муборизони роҳи озодӣ”, наводагони инқилобиҳое, ки дар ҷидоли хунини соли 1971 Покистонро канор зада ва Банглодешро озод карда буданд, 30 дарсад саҳмияи мансабҳои давлатӣ эъто шавад.

Руъёҳои Абӯсаид нақши бар об шуд. Банглодеш 18 миллион ҷавони ҷӯёи кор дошт ва дилаш намехост, пас аз фориғуттаҳсилӣ ба анбӯҳи бекорон бпайвандад. Тасмим гирифт, донишҷӯёнро ҷамъ кунад, то дар баробари ҳукумат биистанд ва бар нобаробарӣ бишӯранд. Ин гуна буд, ки саркардаи ҷунбиши миллӣ барои ислоҳи низоми саҳмиябандӣ шуд ва ҷунбиши “Донишҷӯён алайҳи табъиз” ҳам аз ҳаминҷо шакл гирифт.

Мегӯянд, дар муҳосира буд, парчами Банглодешро дар даст дошт ва рӯёрӯи горди шӯриш, сина сипар карда буд. Дастони мӯътаризашро гушуда буд ва ба маъмурони гуфта буд, ба қалбш бизананд. Онҳо ҳам ба зарби гулӯлае ӯро аз по дароварда буданд.

Тасовири ин қатли ваҳшиёнаи фароқонунӣ, дар фазои маҷозӣ даст ба даст шуд ва оташи хашмеро шӯълавар кард, ки садҳо ва ҳазорон донишҷӯро ба хиёбонҳо кашонд. Мардум ҳамдил буданд ва дар саросари кишвар ба сӯг нишастанд. Ақшори мухталифи мардум, аз муаллимон ва устодон ва волидайн гирифта то вакилон, косибон ва ҳатто рикшокишҳо (горичиҳои суннатӣ) дар ҳамбастагӣ бо ҷунбиш, ба мӯътаризон пайвастанд. Хашм ва ҳайрати ношӣ аз ҷон бохтани қаҳрамононаи Абӯсаъид ва беш аз 200 мӯътаризи дигар, ки ба дастури нерӯҳои мусаллаҳи вобаста ба давлат кушта шуда буданд, ба васф намеомад.

Ҷонашонро кафи даст гузошта буданд ва фарёди озодӣ ва адолатхоҳӣ сар медоданд. Саъй ва дил ба дарё заданашон беҳуда набуд. Билохира кор боло гирифт ва давлат ба сутуҳ омад. Девони олӣ низоми саҳмиябандиро ислоҳ кард ва фақат ҳафт дарсад аз уорҳои давлатиро ба наводагони муборизони озодӣ ихтисос дод, аммо дигар фоида надошт. Ҷӯшу хурӯши мардум поён намеёфт. Ҳатто чунин имтиёзи азиме ҳам барои поён додан ба хунхоҳии Абӯсаъид ва интиқом аз ҳукумат, кофӣ набуд.

Хашми кӯҳна ба ғалаён омада буд ва мардумро ба дунболи худ мекашонд. Донишҷӯён мехостанд ба чизе беш аз ислоҳи низоми саҳмияӣ даст ёбанд. Онҳо хоҳони тағйире бунёдин ва маънодор буданд. Давлати ҷадид мехостанд ва мегуфтанд, нахуствазир Шайх Ҳасина бояд канор биравад.

Дере нагузашт, ки хостаҳояшон бароварда шуд. Шайх Ҳасина бо дарки ин, ки ояндаи Банглодеш дар дастони мӯътаризон аст ва наметавонад азми ҷунбиши донишҷӯиро бишканад, аз симати худ истеъфо дод ва саросема кишварро тарк кард.

(Шайх Ҳасина 15 сол дар қудрат буд. Оқибат дар пайи боло гирифтани нооромиҳои донишҷӯӣ ва муҳосираи кохи нахуствазирӣ аз ҷониби ҳазорон мӯътариз, истеъфо дод ва ба Ҳинд гурехт. Ӯ дар соли 2018 дар феҳристи 100 шахсияти таъсиргузори ҷаҳон дар нашрияи Time қарор гирифт ва дар солҳои 2015, 2018 ва 2022 аз сӯйи маҷаллаи Forbes ба унвони яке аз 100 зани қудратманди ҷаҳон интихоб шуд. Тӯлонитарин давраи нахуствазирии занона дар даврони модерн низ ба номи ӯ музайян аст. Ба дастури ӯ, садҳо нафар дар хилоли эътирозоти ахири Дакка (пойтахти Банглодеш) кушта шуданд. Ӯро мазҳари дахолати Ҳинд дар сиёсати Банглодеш медонанд. Давраи риёсаташ бо рушди иқтисодии қобили таваҷҷӯҳе ҳамроҳ буд, аммо худкомагӣ пеша кард ва аз тавсиъаи сиёсӣ ғофил монд. Ҳасина, сиёсати мушти оҳанинро дар пеш гирифт, ки бо таҳдид озодиҳои маданӣ ва саркӯби густардаи мухолифон, мавҷе аз норизоятӣ дар кишвар падид овард.)

Ҷунбиши донишҷӯӣ ба раҳбарии ҷавонони ормонгарое монанди Абӯсаъид, муваффақ шуд пас аз панҷ ҳафта, бидуни заррае ақибгард аз мавозеъи сиёсӣ, мустабиддеро, ки 15 сол бо “мушти оҳанин” бар кишвар ҳукумат карда буд, канор бизанад. Муваффақияти ин ҷунбиш, гувоҳии қудратманде аст бар ин ки мардуми Банглодеш огоҳанд ва дигар ба баҳои нақзи ҳуқуқи башар, саркӯби озодӣ ва уфули демукросӣ, ба пешрафти иқтисодӣ ризоят нахоҳанд дод.

Банглодеш дар даҳаи гузашта ба раҳбарии шайх Ҳасина ва “Иттиҳодияи авом” (ҳизби ҳоким), аз назари иқтисодӣ шукуфо шуд. Иқтисод ба муваффақиятҳои паёпай мерасид. Давлат тасаввур мекард, ба қудрати фароқонуне даст ёфта ва ба баҳонаи чунин тавфиқе, метавонад ҳуқуқи маданӣ ва озодиҳои шаҳрвандиро поймол кунад, аҳзоби мунтақидро саркӯб кунад ва беэътино ба қавонини кишвар ва равиши демукротик, ҳар тавр бихоҳад ҳукумат кунад.

Шайх Ҳасина пайваста ба ин меболид, ки дар ҷомеае тавсианаёфта, нархи фақрро ба нисф коҳиш додааст. Ӯ аз тавфиқи иқтисодӣ бистаре сохт, то озодиҳои маданиро аз байн бибарад ва бар ҳазфи рӯзноманигорон ва фаъолоне, ки сирфан ба ҷурми интиқод аз сиёсатҳои ӯ аз байн мерафтанд, сарпӯш бигузорад.

Аммо талоши муҷиддонаи Ҳасина барои нақзи ҳуқуқи башар, зулм ва фасоди низомманд ва нобаробарӣ ба унвони баҳои иҷтинобнопазири равнақи иқтисодӣ, натиҷаи акс дод. Аз як даҳаи гузашта дар кишваре бо рифоҳи фазоянда, насли ҷадиде по ба арса гузошт ва тағйир аз батни ҷомеа шурӯъ шуд.

Инқилоби Банглодеш якшаба рух надод. Аз замони истиқлоли Банглодеш аз Покистон дар соли 1971, ҷавонони ин кишвар пайваста ба адами тавозуни сиёсӣ ва беадолатиҳое, ки дар ин ҷумҳурии навбунёд рух медод, вокуниш нишон медоданд. Онҳо аз хушунате, ки артиши Покистон бар мардум раво медошт, осӣ ва ранҷур буданд ва медонистанд, ки ду роҳ пеши рӯяшон қарор дорад: талош барои канор омадан бо шароит ва пайвастан ба систем, ё муҳоҷират ва хуруҷ аз кишвар.

Воқеият он аст, ки шумори зиёде аз банглодешиҳои наслҳои пешин дар даҳаҳои 80 ва 90, кишварро ба мақсади Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Урупо ва ҳатто Ховари Миёна дар ҷустуҷӯи ояндае беҳтар тарк карданд. Онҳо, ки монданд, чорае надоштанд ҷуз ин ки камар ба хидмат бибанданд ва аз муқовамат дар баробари зиёдахоҳиҳои давлат парҳез кунанд.

Аммо дар солҳои ахир, насли Z-и Банглодеш (таваллудёфтаҳои даҳаҳои 1990 то 2010), роҳи ҷадиде ҷустааст. Орзуи онҳо бар хилофи волидайнашон ин нест, ки ба Ғарб бираванд, ё бимонанд ва ба систем бипайванданд. Ормонашон, мондан ва ислоҳи кишвар аст. Ҷавонони банглодешӣ нишон доданд, ки ҳозир нестанд ба баҳои пешрафти иқтисодӣ, нақзи ҳуқуқи башари давлати фосидро бипазиранд.

Ман дар хилоли солҳои 2018 то 2020, ба унвони хабарнигори хориҷӣ, бо даҳҳо ҷавон дар Банглодеш мусоҳиба кардам. Тақрибан ҳамаи онҳо ба наҳви боварнакарданӣ ба пешрафти рӯзафзуни иқтисодӣ ва фанновариҳои кишварашон ифтихор мекарданд, аммо аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва нодида гирифтани демукросӣ ҳаросон буданд. Ҷавонони Банглодеш, кишварашонро аз самими қалб дӯст доштанд ва мехостанд ба ҷойи сукут ва сар фуруд овардан, ишқ ба ватанро бо мубориза ва талош барои беҳбуд ва тағйирхоҳӣ нишон диҳанд.

Дар нигоҳ аввал, чунин ба назар мерасад, ки донишҷӯён тайи панҷ ҳафта ва ба наҳви мӯъҷизаосо, давлати қудратманди Ҳасинаро сарнагун кардаанд, аммо воқеият он аст, ки заминаҳои пайдоиши инқилоб, аз солҳо қабл шакл гирифтааст. Ҳамаи афроде, ки дар тазоҳуроти донишҷӯии имсол ширкат карданд ва онҳое, ки ҷони худро дар ин роҳ аз даст доданд, бо тавсиъаи иқтисодии рӯзафзун бузург шуданд ва дар айни ҳол шоҳид буданд, ки давлат, рӯз ба рӯз иқтидоргаротар ва тамомиятхоҳтар мешавад.

Бисёре аз онҳо солҳои ҷавониашонро сарфи ёфтани роҳҳое барои илҳоқи тавсиъаи сиёсӣ ба тавсиъаи иқтисодӣ карданд ва корзорҳои эътирозии мутаъаддиде ташкил доданд. Ба унвони мисол, дар соли 2018, бо аз даст додани контроли автобус ва кушта шудани ду навҷавон бар асари ин ҳодиса, “Ҷунбиши эминии ҷодда” мутаваллид шуд. Хабарҳои марбут ба даргузашти ин ду навҷавон, ба суръат дар расонаҳои иҷтимоӣ мунташир ва мунҷар ба хашми мардум аз давлат шуд. Донишҷӯён бо тасхири хиёбонҳо ба муддати панҷ рӯз, баррасии муҷаввизҳо ва ҳидояти трофике, ки дар Банглодеш бисёр душвор аст, хостори хиёбонҳои амнтар шуданд. Мӯътаризон бар ин бовар буданд, ки ҳамлу нақли Банглодеш бо фасоди молӣ ва беқонунӣ мувоҷиҳ аст.

Дар ҳамон сол, ҷунбиши донишҷӯӣ бо муваффақият, мунҷар ба лағви низоми саҳмиябандӣ шуд. Дар соли 2019, пас аз кушта шудани як донишҷӯ аз сӯйи фаъолони ҳомии давлат, ба далели интишори ёддошти фейсбукӣ дар интиқод аз давлат, донишҷӯён даста-даста ба хиёбонҳо рехтанд.

Донишҷӯён дар ҳамаи ин ҷунбишҳо, шоҳид буданд, ки давлат, аҳзоби мухолиф ва мунтақидонашро бо хушунати тамом саркӯб мекунад. Онҳо медиданд, ки нухбагон ва соҳибони қудрат низ, тавфиқи иқтисодиро далели ҳимоят аз иқдомот ва сиёсатҳои давлати феълӣ медонанд.

Донишҷӯён дар ҳамаи ин солҳо, борҳо ва борҳо дилсард шуданд ва руҳияи инқилобиашон ранг бохт; бо ин ҳол, гузари замон ба онҳо омӯхт, ки барои найл ба ҳадаф, бояд бисёр бурдбор бошанд, болиғона ва мутолибагарона рафтор кунанд ва шӯри озодихоҳиро ҳамеша дар вуҷудашон зинда нигаҳ доранд. Онҳо мехостанд Банглодешро аз чанголи давлат наҷот диҳанд ва коре кунанд, ки ватан, моҳияти ҳақиқиашро бозёбад. Онҳо бар ин бовар буданд, ки нақши ҳар давлате фақат ин аст, ки муҷрии қонун бошад, ба ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандон эҳтиром бигузорад ва аз ормонҳои демукротик ҳифозат кунад.

Ҷавонони далери банглодешӣ ҷонашонро кафи даст гузоштанд ва пас аз панҷ ҳафта муборизаи ҳаррӯза, ҳузури мустамир дар хиёбон, таҳаммули дарду бими васфношуднӣ ва нисори хунҳои азизонашон, пирӯз шуданд. Онҳо акнун масъулияти ислоҳи кишварро бар ӯҳда доранд ва шояд барои аввалин бор, далеле барои умедворӣ ба оянда дошта бошанд.

Ҳоло бо давлати муваққат таҳт назорати артиши Банглодеш мувоҷеҳ ҳастем. Бархе аз мардум нигарони ин чашмандоз ҳастанд, чун медонанд дар гузашта чунин давлатҳое натавонистаанд аз ҳуқуқи миллӣ ҳиросат кунанд ва ормонҳои демукротикро таҳаққуқ бахшанд.

Раҳбарони донишҷӯӣ, ки моро ба ин дақиқаи таърихӣ расондаанд, итминон додаанд, ки давлати муваққат монанди давлати пешин нахоҳад буд, давлати ҷадид аз масири тавсиъаи сиёсӣ хориҷ намешавад ва қудрат ва оромишро ба мардум бозмегардонад. Умедворам ин раҳбарони ҷавон ба ваъдаҳои худ пойбанд бошанд, зеро кишварашон, оянда ва руъёи модомулумри онҳост; руъёе, ки метавон ҳама чизро барои дастёбӣ ба он фидо кард.

Aljazeera

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамоҳангӣ бо иқтизои замон
Сиёсат ва инсоният

Матолиби пурбоздид