Пизишкиён: “Мушкилоти ҷаҳони ислом ба хотири дурӣ аз омӯзаҳои Қуръон аст”

Пизишкиён: “Мушкилоти ҷаҳони ислом ба хотири дурӣ аз омӯзаҳои Қуръон аст”

Ахбори байналмилал

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба ойини поёнии 41-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Машҳад навишт: “Бидуни тардид, бахши бузурге аз масоили имрӯзи ҷаҳони ислом, натиҷаи дурӣ аз омӯзаҳои қуръонӣ аст, ки паёмади он ҷуз тафриқа ва ихтилоф набуда ва заминаро барои душманони башарият фароҳам кардааст.”

Ба гузориши Ирно, дуктур Масъуди Пизишкиён асри ҷумъа дар паёми худ афзуд: “Қуръони Карим мӯъҷизаи ҷовидони Паёмбари Акрам (с), бузургтарин самара ва меваи беъсат ва наҷотбахши башарият дар тамоми асрҳост.”

Вай идома дод: “Паёмбар ба дурустӣ фармуд: “Бартарии Қуръон бар дигар суханон, монанди бартарии Худованд бар бандагон аст.” Дар воқеъ ҳеч шоҳкори адабӣ дар балоғат ва шевоӣ ва ҳеч сухане ҳакимона дар ҳикмат ва устуворӣ ва ҳеч китоби илмӣ дар табйини ҳақоиқи олам ҳампои Қуръони Карим нест ва ба дурустӣ нусхаи камол аст.”

Раисҷумҳури Эрон изҳор кард: “Қуръон фитрати башарро фориғ аз нажод, ранг, табақа ва мазҳаб хитоб қарор медиҳад ва башариятро ба сарманзили камол раҳнамун мешавад.”

Пизишкиён афзуд: “Дар сояи омӯзаҳои мутаъолии Қуръон аст, ки инсонҳо метавонанд дар ҷаҳони пурошӯби имрӯз такягоҳи муҳкам ва умедбахше барои раҳоӣ аз ҷаҳл ва зулм ва нобаробарӣ биёбанд ва бо сулҳ ва адолат ва меҳрубонӣ ва бидуни ҳар гуна хушунат дар канори ҳам зиндагии мусолиматомезе дошта бошанд.”

Вай идома дод: “Дар Қуръони Карим, мусалмонон уммати воҳида хитоб шудаанд ва аз онон хоста шудааст, то ҳамагӣ ба ресмони илоҳӣ чанг бизананд ва ҳавли як меҳвар ҷамъ шаванд, то аз ҳар гуна тафриқа ҷилавгирӣ шавад.”

Ӯ афзуд: “Бар ҳамин асос бояд ҳама талоши худро ба кор бибандем, то ваҳдат, баробарӣ ва бародарии мавриди назари Қуръонро дар ҷавомеъи исломӣ айният бибахшем.”

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор кард: “Яке аз воқеиятҳои муҳимми минтақа ва ҷаҳони имрӯз, муқовимат ва истодагӣ дар муқобили зулм ва нобаробарӣ ва кӯмак ба мазлум аст, ки баромада аз омӯзаҳои ҷаҳонбахши Қуръон аст.”

Пизишкиён афзуд: “Таҷриба нишон додааст, ин ҷараёни асил бо ҳеч силоҳе аз байн нахоҳад рафт, балки ҳар рӯз муқовимтар ва решадор хоҳад шуд.”

Вай идома дод: “Имрӯз империализми ҷаҳонӣ бо истифода аз расонаҳои гуногун, дар талош аст дини раҳмонии ислом ва Қуръонро дар қолаби исломҳаросӣ, хатаре барои башарият муаррифӣ кунад.”

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор кард: “Ҳарчанд ҳадафи аслии ин ҷараён, ғорат ва чаповули сармояҳои инсонӣ ва моддии мусалмонон аст, аммо ба лутфи илоҳӣ ва ҳиммати ҳамаи ходимон, қориён ва омилон ба Қуръон, ки ҳар кадом як расонаи комил барои мухотаби ҷаҳонӣ ҳастанд, нақшаҳои носавоби онҳо ноком хоҳад монд.”

Пизишкиён афзуд: “Инҷониб ба унвони яке аз ходимони кӯчаки Қуръони Карим, аз ҳамаи қориён ва меҳмонони гиромии ин маросим, ки мутмаиннан бо ҳадафи эътилои густариши мафоҳими инсонӣ ва маънавии ин китоби осмонӣ гирди ҳам омадаанд, қадрдонӣ мекунам.”

Вай изофа кард: “Ҳамчунин аз дастандаркорони ин рӯйдоди бузург ташаккури вежа мекунам ва аз пешгоҳи парвардигори меҳрубон, подоши хидмат ба Қуръони Карим ва ҳифз ва нашр ва тарвиҷи онро, ки ҷойгоҳи рафеъе аст, барои ҳамагон хостор ҳастам ва умедворам битавонем аз зарфиятҳои инсонсози Қуръон дар ҷиҳати тафоҳум, дарки муштарак ва наздик шудани ҳар чи бештари ҷавомеъи инсонӣ ба якдигар, баҳраи шоиста бибарем.”

Irna

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ироқчӣ: Метавонем, аммо силоҳи ҳастаӣ намесозем!
Омили беэҳтиромӣ ба Қуръон дар Суэд кушта шуд

Матолиби пурбоздид