Пизишкиён: “Шаҳид Синвор то охирин лаҳзаи умраш қаҳрамонона ҷангид”
Ахбори байналмилал
Раиси ҷумҳури Эрон дар паёме ба муносибати шаҳодати шаҳид Синвор навишт: “Шаҳид Синвор дар тӯли ҳаёти арзишманди худ солҳо дар асорати режими саффоки саҳюнистӣ буд ва пас аз он ҳам то охирин лаҳзаи умри пурифтихораш қаҳрамонона ҷангид ва аз пой нанишаст.”
Ба гузориши хабаргузории Форс, Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, бо судури паёме, шаҳодати фармондеҳи диловари ҷиҳодӣ, шаҳид Яҳё Синворро ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари ин кишвар, мардум мазлум ва муқтадири Ғазза ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон табрик ва таслият гуфт.
Матни паёми раиси ҷумҳури Эрон ба шарҳи зер аст:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Хабари терур ва шаҳодати муборизи настӯҳ, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос, ҷаноби Яҳё Синвор, гарчӣ барои ҳамаи озодихоҳони олам бахусус мардуми қаҳрамони Фаластин дарднок ва таассурбарангез буд, дар айни ҳол нишонаи ошкоре аз таваққуфнопазирии ҷиноёти режими ишғолгар ва кӯдаккуши саҳюнистӣ аст.
Шаҳид Синвор дар тӯли ҳаёти арзишманди худ, солҳо дар асорати режими саффоки саҳюнистӣ буд ва пас аз он ҳам то охирин лаҳзаи умри пурифтихораш қаҳрамонона ҷангид ва аз пой нанишаст.
Чиҳод дар тақобул бо таҷовуз ва ҳадия бахшидани озодӣ ва раҳоӣ ба соҳибони ҳақиқии сарзаминҳои ишғолӣ, ҳаракати азим ва ҳадафи волое аст, ки бо терур ва ҳазфи қаҳрамонони ин арса мутаваққиф нахоҳад шуд.
Ҳамон гуна, ки шаҳиди азиз, Исмоил Ҳаниа гуфт:
اذا غاب سید، قام سید
Душман огоҳ бошад, ки бо шаҳодати сардорон, қаҳрамонон ва фармондеҳон, халале дар муқовамати уммати исломӣ дар баробари зӯр ва ишғол эҷод нахоҳад шуд.
Инҷониб шаҳодати ин фармондеҳи диловари ҷиҳодӣ шаҳид Яҳё Синворро ба мақоми муаззами раҳбарӣ, мардуми мазлум ва муқтадири Ғазза ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон табрик ва таслият арз мекунам.
Масъуди Пизишкиён
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
Farsnews
Қаламонлайн