Пирӯзии нур бар зулмат
Ҳимояти ҷононаи нухбагони тоҷик аз Эрон
Вокуниши устоди донишгоҳи Тоҷикистон ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Эрон
Устоди Донишгоҳи забонҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт: “Мутмаиннам, ки ин ҷанг ба пирӯзии нур бар зулмат, бо ғалабаи Эрон хотима меёбад ва ҷаҳониён бори дигар ба фарҳанги сулҳофаринӣ ва созандагии мардуми Эрон имон меоваранд.”
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Шарифмурод Исрофилниё, устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, бо ишора ба ин ки Эрон дар тӯли таърих ба ҳеч кишваре ҳуҷум набурдааст, гуфт: “Мутмаиннам, ки ин ҷанг ба пирӯзии нур бар зулмат, бо ғалабаи Эрон хотима меёбад ва ҷаҳониён бори дигар ба фарҳанги сулҳофаринӣ ва созандагии мардуми Эрон имон меоваранд ва офарин мехонанд.”
Вай, ҳамлаи режими саффоки саҳюнистӣ ба Эронро маҳкум кард ва идома дод: “Ҳамлаи Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон шабеҳи ҳамлаи торикӣ бар рӯшноӣ, зулмат ба нур, ҳамлаи нерӯи аҳриманӣ бар нерӯи аҳуроист. Ҳақ бо Эрони бузург аст. Ман мутмаиннам, ки ҳақ бар ботил ва нур бар зулмат пирӯз меояд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон посухи дандоншикан бар душман медиҳад ва сарбаландона ба ин ҷанг хотима мебахшад. Ман бо тамоми масъулият, ин ҳамлаи ваҳшиёнаи Исроил ба Эронро маҳкум мекунам.”
Ин устоди донишгоҳ гуфт: “Эрон дар тӯли таърих ба ҳеч кишваре ҳуҷум набурдааст, баръакс гаҳвора ва маҳди куҳантарини фарҳангҳо ва тамаддунҳо буда, ки миллатҳои ғайр аз он баҳравар шудаанд. Дифоъи Эрон аз марзу буми худ, дифоъ аз фарҳанг ва тамаддуни эронӣ аст. Исроил бо ин ҷанги ваҳшиёна ва номардона гаҳвораи фарҳанг ва тамаддунро нишона гирифта, ки иншоаллоҳ, ноком хоҳад монд.”
Вай идома дод: “Дар сарзамини Эрони бузург ҳазорон ёдгориҳои фарҳангӣ мавҷуданд, ки арзиши бузурги илмӣ ва таърихӣ доранд; Худо накунад, ки ба онҳо осебе расад. Ман ҳеч фарқе байни ДОИШ ва нерӯи аҳримании саҳюнистии Исроил намебинам. Хуни 60.000 зану кӯдаки бегуноҳи фаластинӣ бар гардани ин режими хуношоми вайронгар аст. Ҷанг пеш аз ҳама зарба ба фарҳанг ва гуфтугӯи фарҳангӣ мезанад. Бояд ин ҷанги ноодилона ва номардона ҳар чи зудтар поён ёбад.”
Ин забоншинос ба зидди ҷанг будани ҳамаи мафохири фарҳангии Эрон ишора кард ва гуфт: “Дар таърихи адаб ва фарҳанги форсӣ ҳазорон суханварон ва навобиғе будаанд, ки ҳамвора муқобили ҷанг қиём карда ва шоҳони худкомаро ба сулҳу оштӣ даъват кардаанд. Хоҷа Шамсуддини Ҳофизи Шерозӣ, ки имрӯз ҷаҳони мутамаддин 700 солагии ин нобиғаи шеъру шоириро ҷашн мегирад, гуфта буд:
Як ҳарфи суфиёна бугӯям, иҷозат аст?
Эй нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ”
Вай афзуд: “Имрӯз дар ҷаҳони муосир, абарқудратҳо мехоҳанд аз роҳи ҷангу зӯргӯӣ хостаҳои худро бар сари дигарон таҳмил кунанд. Бояд равшанфикрон ва фарҳангиёни тамоми ҷаҳон, хусусан ниҳодҳои фарҳангии байналмилалӣ муқобили ҷангу зӯргӯии роҳбарони худкома қиём кунанд ва гуфтугӯи фарҳангиро дар муқобили ҷангу куштор гузоранд. Донишмандони равшанфикри олам бо нерӯи ақлу хирад метавонанд пеши роҳи ҳар гуна ҷанги ноодилона ва зӯргӯии раҳбарони худкомаро бигиранд.”
Исрофилниё бо ишора ба ин ки мардуми Тоҷикистон дар оғози истиқлоли кишвар заҳри ҷанги шаҳрвандиро чашидаанд ва нисбат ба ҷангу хунрезӣ нафрат доранд, идома дод: “Ҳамаи тоҷикон як дилу як ҷон аз Эрон ҷонибдорӣ ва ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум мекунанд. Танҳо як назар ба сафҳаҳои матбуоти кишвар ва олами маҷозӣ кофӣ аст, то аз мавзеъи мардуми тоҷик бохабар шавед. Барои мо мардуми Тоҷикистон, Эрон ватани таърихии мост, мо ба ҳеч ваҷҳ худро аз Эрони ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҷудо намедонем. Дидори сарони ҳар ду кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкён ин гуфтаро бори дигар собит мекунад. Раисиҷумҳури фақиди Эрон шаҳид Раисӣ ҳангоми суханронӣ дар ҷамъи фарҳангиёни мо иброз дошта буд: “Амнияти Тоҷикистон амнияти мост! Рушди Тоҷикистон рушди мост!” Мо ҳам мегӯем: “Душмани Эрон душмани мост, амнияти Эрон амнияти мост!”
Вай дар идома бузургии фарҳанг ва адаби форсиро чун офтоби равшан донист ва гуфт: “Ин фарҳанг ва адаб ҳазорон сол аст роҳи сайёраи моро равшан мегардонад ва ҳеч миллати мутамаддине нест, ки аз адаб ва фарҳанги порсӣ таъсир нагирифта бошад. Нобиғае чун Юҳон Гётеи олмонӣ худро муриди Хоҷаи Шероз медонист. Ман мутмаиннам, ки ин ҷанг ба пирӯзии нур бар зулмат, бо ғалабаи Эрон хотима меёбад ва ҷаҳониён бори дигар ба фарҳанги сулҳофаринӣ ва созандагии мардуми Эрон имон меоваранд ва офарин мехонанд. Имрӯз аҳли илм ва адаби олам метавонанд дар муқобили зӯргӯӣ ва ҷангталабии Исроили худкома якҷо амал кунанд ва алайҳи ҷанг садо баланд кунанд, ба хиёбонҳо бирезанд ва ҷанг ва хунрезиро маҳкум кунанд.”
Ин устоди Донишгоҳи забонҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт: “Мардуми Эрон ва қавми яҳуд аз дерзамон бо ҳам дӯст буданд. Куруши Кабир буд, ки ин қавмро аз асорат раҳонд. Дар даврони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ эрониён ҳазарон мардуми яҳудиро аз дасти Ҳитлер, пешвои фашисти нозӣ наҷот доданд. Ман мутмаиннам, ки яҳудиёни сокини Фаластини ишғолӣ ин некии эрониёнро фаромӯш накардаанд ва муқобили раҳбарони худкома ва кӯдаккуши худ бармехезанд. Танҳо фарҳанг ва маърифат аст, ки пеши роҳи нафрат ва хушунатро мегирад.”
Исрофилниё дар поён, ба масъулияти ниҳодҳои фарҳангии байналмилалӣ барои хотимаи ин ҷанг ишора кард ва гуфт: “Бояд дар ин замони ҳассос тамоми ниҳодҳои фарҳангӣ, чӣ давлатӣ ва байналмилалӣ ва чӣ мустақил алайҳи ин ҷанг садо баланд кунанд ва ба он хотима бахшанд. Масъулияти бузурги ин ниҳодҳои фарҳангӣ пеш аз ҳама пешгирӣ ва хотима додан ба ҷанг ва хунрезӣ дар тамоми сайёраи замин аст.”
Қаламонлайн