Посухи Эрон ба пешниҳоди Омрико барои хотимаи ҷанг
Ахбори байналмилал
Эрон дархости Омрико мабнӣ бар оташбасро рад кард
Бино ба гузориши хабаргузории Ирно, пас аз ду ҳафта баррасиҳои ҳамаҷониба дар сатҳҳои олии низом, Эрон посухи худ ба пешниҳоди Омрико барои хотимаи ҷангро ба Покистон мунъакис кардааст.
Дар ин посух, ки дарбардорандаи 10 банд аст, Эрон бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаҳои пешин, зимни радди оташбас, бар зарурати хотимаи доими ҷанг бо риояти мулоҳизоти Эрон таъкид кардааст.
Ин посух шомили маҷмӯае аз хостаҳои Эрон аз ҷумла поёни даргириҳо дар минтақа, протоколи убуру мурури амн аз тангаи Ҳурмуз, бозсозӣ ва низ рафъи таҳримҳо мебошад.
Бино бар ин гузориш, ироаи ин матн пас аз он сурат гирифт, ки дар пайи таҳаввулоти шанбе ва якшанбе дар манотиқи ғарбӣ ва марказии Эрон ва шикасти фоҷеабори амалиётҳои Омрико, Эрон дасти бартари худ дар ҷангро як бори дигар нишон дод ва Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико низ бо тамдиди муҷаддади зарбулаҷали такрорӣ, аз таҳдидҳои қаблии худ фосила гирифт.
Қаламонлайн













