Вилоятӣ: Дар сурати ҳамла ба нерӯгоҳҳои Эрон, Ховари Миёна “торик” хоҳад шуд
Ахбори байналмилал
Алиакбари Вилоятӣ, вазири хориҷаи пешини Ҷ.И.Эрон ва мушовири раҳбари Эрон, аз кишварҳои арабӣ хост, то Дунолд Тромпро аз ҳамла ба нерӯгоҳҳои Эрон мунсариф кунанд.
Вилоятӣ ҳушдор дод, ки агар Тромп таҳдиди худро амалӣ кунад ва нерӯгоҳҳои Эронро бомбборон кунад, кулли минтақа “торик” хоҳад шуд.
Вай дар Х навишт: “Ҳокимони кишварҳои арабӣ бояд барои ҷилавгирӣ аз торикии минтақа, ба Тромп бифаҳмонанд, ки халиҷи Форс ҷойи қимор нест”.
Қаламонлайн













