Посухи Яман ба таҳдидҳои ахири Омрико

Посухи Яман ба таҳдидҳои ахири Омрико

Ахбори байналмилал

Masirahtv

Посухи Яман ба таҳдидҳои ахири Омрико аз забони вазири дифоъи ин кишвар: “Ба Омрико посухе фаротар аз тасаввурот ва муҳосаботи низомӣ хоҳем дод”

Вазири дифоъи Яман зимни ҳамла ба ҷиноёти Омрико, кишварҳои ғарбӣ ва режими саҳюнистӣ дар Ғазза, таъкид кард, ки баҳри Сурх ба доме барои саҳюнистҳо бадал шудааст, ки нахоҳанд тавонист аз он ҷони солим бадар бибаранд.

Ба гузориши Алмасира, Муҳаммад Носир ал-Отифӣ, вазири дифоъи Яман, ба Омрико, Ангилис ва Фаронса ҳушдор дод, ки ин кишвар ба ҳеч унвон зулмро нахоҳад пазируфт ва ба ҳамлаи Вошингтун ба нерӯҳои дарёии Яман, посухи сахте хоҳад дод, ки фаротар аз тасаввурот ва муҳосаботи низомии онон хоҳад буд.

Ал-Отифӣ дар идома ҳушдорҳои худ гуфт: “Омрико, Ангилис ва Фаронса бидонанд, ки иҷозаи дастдарозӣ ба онон нахоҳем дод; зеро мо миллате ҳастем, ки таслим намешавем, дар баробари сахтиҳо муқовимем ва ҳар кас, ки ба хотири муҳосаботи иштибоҳ, моро ба бозӣ бигирад, фақат бояд худро сарзаниш кунад.”

Гуфтанист, Фармондеҳии марказии артиши Омрико дар Ховари Миёна (CENTCOM) – ки дар Эрон ба унвони созмони теруристӣ эълон шудааст – ахиран дар баёнияе эълом кард, ки бо нерӯҳои яманӣ дар баҳри Сурх даргир шуда ва 10 низомии яманиро ба шаҳодат расондааст.

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, ба дунболи баёнияи CENTCOM таъкид карда буд, ки Омрико бояд масъулияти ба шаҳодат расондани нерӯҳои дарёии Яманро бипазирад ва иқдомоташ монеъи нерӯҳои яманӣ барои амал ба вазифаи динӣ ва ахлоқиашон дар қиболи Фаластин нахоҳад шуд.

Артиши Яман дар ҳимоят аз мардум Фаластин пештар дар баёнияе эълом карда буд, ки ба ҳеч киштии исроилӣ ва киштиҳое, ки мақсади онҳо сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст, иҷозаи убур аз тангаи Бобулмандиб ва баҳри Сурхро нахоҳад дод.

Ба гузориши Алмасира, ин ҳушдорҳои шадидуллаҳни Ал-Отифӣ дар ҷараёни суханронӣ дар нишасте буд, ки бо фармондеҳони низомии ин кишвар дошт. Вай бо таъкиди чандбора бар идомаи ҳимоятҳои Яман аз мардуми Ғазза, хотирнишон кард: “Омрико ва Исроил фикр мекунанд, ки метавонанд кушторҳои ваҳшиёнае алайҳи занон ва кӯдакони Ғазза анҷом диҳад ва касе набошад, ки ба онон бигӯяд, кофӣ аст! Худованд мардуми Яманро интихоб кардааст, то дар мавзеъи ҳақ ва адолат ва ёрӣ расондан ба миллати мазлуми Фаластин қарор гиранд.”

Вазири дифоъи Яман бо ишора ба ин ки раҳбари ин кишвар тамоми муҳосаботи саҳюнистҳоро бо мушак ва паҳпод баҳам рехтааст, таъкид кард: “Ҳуқуқи байналмилал, сирфан сарпӯше барои дурӯғҳои Омрико, Ангилис ва Фаронса аст, ки ҳар гоҳ бихоҳанд аз он барои сиёсатҳои худ истифода кунанд; зеро ҷиноёт дар Ғазза, лаккаи нанге бар пешонии ҷомеаи байналмилал аст.”

Ал-Отифӣ дар поён ҳушдор дод: “Ба саҳюнистҳо ва ҳомиёни онон мегӯем, ки баҳри Сурх ба доме барои онон бадал шудааст ва муҳосараи онон то замоне идома хоҳад дошт, ки даст аз ҷиноят алайҳи миллати Фаластин бардоранд ва ба муҳосараи онон поён диҳанд.

Masirahtv

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Иллатҳои мафосиди ахлоқӣ
ДОИШ расман масъулияти ҳамлаи теруристии Кирмонро бар ӯҳда гирифт

Матолиби пурбоздид