Равоншиноси исроилӣ: Артиш мардуми Ғаззаро ҳамчун инсон намебинад
Ахбори байналмилал
Нашрияи Таймз ба нақл аз як равоншиноси низомии артиши Исроил навиштааст: Ончи ман дар Рафаҳ дидам, чизе ҷуз тирпаронӣ, қатл ва оворагӣ набуд. Артиши Исроил сокинони Ғаззаро ҳамчун инсон намебинад.
Ба гуфтаи вай, руҳия ва ҳолати равонии сарбозон башиддат таназзул ёфтааст ва нишонаҳои фурӯпошии равонӣ дар миёни низомиён дида мешавад.
Ин равоншиноси низомӣ таъкид кардааст: Ширкат дар артиш коҳиши панҷоҳ дарсадӣ пайдо кардааст ва ин нишондиҳандаи буҳрони амиқ дар артиш мебошад.
Қаламонлайн