Расонаҳои исроилӣ: “Исроил дар ҳоли барномарезӣ барои анҷоми ҳамла ба Ироқ аст”
Ахбори байналмилал
RT ба нақл аз пойгоҳи исроилии Ynet имрӯз (шанбе) навишт, Исроил пас аз кушта шудани ду сарбоз ва захмӣ шудани шуморе дигар дар ҷараёни партоби як паҳпод аз Ироқ ба Ҷулон, дар ҳоли барномарезӣ барои иқдом алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Ироқ аст.
Ин пойгоҳ дар идома навишт, ин нахустин бор аст, ки амалиёти партоби паҳпод аз Ироқ мунҷар ба кушта шудани шуморе аз нерӯҳои Исроили мешавад.
Пойгоҳи мазкур ҳамчунин навиштааст, ба унвони муқоиса, замоне ки шиллики мушак аз Яман мунҷар ба кушта шудан як исроилӣ шуд, артиши Исроил ба бандари Ҳадидаи Яман ҳамла кард.
Пойгоҳи Ynet аз қавли мақомот дар Исроил овардааст, дар ҳоли баррасии иқдоми муносиб барои ҳамла ба Ироқ ҳастем ва коре хоҳем кард.
Ин мақомот афзуданд, равшан аст, ки Эрон дар ҳамаи ҷабҳаҳо фаъол аст ва мо бояд барои ғофилгириҳои бештар омода бошем.
Ин дар ҳоле аст, ки артиши режими саҳюнистӣ рӯзи гузашта (ҷумъа) эълом кард, дар пайи партоби паҳпод аз Ироқ ба шимоли Ҷулон, ду сарбоз кушта ва 23 тани дигар низ захмӣ шуданд.
Сухангӯи артиши Исроил низ бо таъйиди ин хабар гуфт, як паҳподи дигар, ки ба самти ҳамин минтақа шиллик шуда буд, раҳгирӣ ва мунҳадим шуд.
Муқовамати исломии Ироқ пеш аз он, аз ҳамла ба се ҳадафи исроилӣ хабар дода буд.
Қаламонлайн