Расули Акрам(с) – муаллими башарият

Адаб

Расули Акрам(с) – пешвои мардумӣ

Ибратҳо

Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва асҳоб аз маркабҳо фуруд омаданд ва борҳоро бар замин ниҳоданд, тасмими ҷамъият бар ин шуд, ки барои ғизо гӯсфандеро зибҳу омода кунанд.

Яке аз асҳоб гуфт:

— Сар буридани гӯсфанд бо ман.

Дигаре гуфт:

— Кандани пӯсти он бо ман.

Севвумӣ гуфт:

— Пухтани гӯшти он бо ман.

Дар ин миён, Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд:

— Ҷамъ кардани ҳезум аз саҳро бо ман.

Асҳоб ва ёрон арз карданд:

— Ё Расулаллоҳ! Шумо заҳмат накашед, роҳат биншинед, мо худамон бо камоли ифтихор ҳамаи ин корҳоро мекунем.

Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд:

“Медонам, ки шумо мекунед, вале дӯст надорам миёни шумо як сару гардан болотар бошам; зеро Худованд дӯст надорад бандаашро дар миёни ёронаш бо вазъе мутамойиз бибинад, ки барои худ нисбат ба дигарон имтиёзе қоил шуда бошад».

Сипас ҳазраташ (с) ба тарафи саҳро рафт. Ва миқдори лозим хору хошок аз саҳро ҷамъ карду овард.

(Манбаъ: Хулосату сияри сайидил башар, Муҳибби Табарӣ, саҳ.87)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳар кӣ болотар равад…
“Сиёсати хориҷӣ”-и амири Бухоро дар баёни Аҳмади Дониш

Матолиби пурбоздид