Раҳбарони толибон ба сарватмандтаринҳо табдил шудаанд
Ахбори байналмилал
Ба гуфтаи Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон, раҳбарони толибон ба сарватмандтарин афрод табдил шудаанд.
Бар асоси гузориши Бибиси, Ашраф Ғанӣ дар мавриди толибон гуфтааст: “Дар ҳоле ки фақри умумӣ дар кишвар бедод мекунад, сарвати раҳбарони Толибон, ҳамроҳ бо рабудани ғайриқонунии авоиди миллӣ, аз қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир фароҳам мешавад”.
Ӯ Толибонро гуруҳе номид, ки “ба номи дини Ислом мардумро ба гаравгон гирифтаанд”.
Ашраф Ғанӣ гуфт, вазъияти башарӣ дар Афғонистон рӯ ба вахомат меравад ва танҳо кумакҳои башардӯстона пеши як буҳрони инсониро гирифтааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн