Рози муваффақияти Ихвонулмуслимин дар интихоботи Урдун

Таҳлили хабарӣ

Рози муваффақияти Ихвонулмуслимин дар интихоботи Урдун

Байналмилал

Аljazeera

Муҳандис Воил Ассақо, дабири кулли ҳизби “Ҷабҳаи иқдоми исломӣ”-и Урдун, бозуи сиёсии ҷунбиши Ихвонулмуслимин, гуфт:

“Набарди Тӯфон-ул-Ақсо сатҳи ҳимояти мардумӣ аз ин ҷунбиши исломиро боло бурд, ки натиҷаи мусбати онро дар интихоботи порлумонӣ дидем.”

Ба гузориши Алҷазира, Ассақо бо ишора ба ин ки ин танҳо далели пирӯзии ҳизби “Ҷабҳаи иқдоми исломӣ”-и Урдун дар интихоботи маҷлис нест, таъкид кард: “Намояндагони ин ҷунбиши исломӣ дар порлумон, ки теъдодашон 31 намоянда аст, омодаи ҳамкорӣ бо ҳар гурӯҳе дар ростои хидмат ба ватан ҳастанд.”

Вай афзуд: “Ин ҳизб ба унвони бозуи сиёсии гурӯҳи Ихвонулмуслимин, як нигариши иқтисодии пешрафта дорад, ки садҳо муҳаққиқ ва иқтисоддон ва коршинос рӯйи таҳияи он кор кардаанд ва як солу ним пеш ба ҳадафи хориҷ кардани Урдун аз бӯҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ ироа шуд.”

Ассақо бо ишора ба ин ки фикр мекарданд, ки ҳизби “Ҷабҳаи иқдоми исломӣ” аз маҳбубият бархӯрдор нест, идома дод:

“Интихобот нишон дод, ки онҳо дучори таваҳҳум шудаанд.”

Дабири кулли ҳизби “Ҷабҳаи иқдоми исломӣ”-и Урдун, бо баёни ин ки ин ҷунбиш ҳамеша мудофеъи масоили шаҳрвандон будааст, тасреҳ кард:

“Ҳамон нигариши иқтисодӣ, ки як солу ним пеш ироа шуд, ба эҳтимоли зиёд яке аз далоили эътимоди мардум буд. Ба ин мавзӯъ бояд соири масоили миллиро низ изофа кард, ки ҳамвора ин ҳизб дар бораи он мавзеъгирӣ кардааст.”

Вай бо ишора ба ин ки мо мӯътақидем, ки муқовамати Фаластин ҳамон гуна, ки аз Фаластин дифоъ мекунад, хатти аввали дифоъ аз Урдун низ ҳаст, афзуд:

“Талош хоҳем кард садди баланде дар баробари тамаъварзиҳои саҳюнистҳо дар Урдун бошем. Ҳузури мо дар порлумон бо 31 намоянда нисбати хубе аст ва намояндагони мо дар баробари ҷоҳталабиҳои саҳюнистҳо дар Урдун ифогари нақши мусбат хоҳанд буд ва хиёбонро дар мухолифат бо рухдодҳои Фаластини ишғолӣ таҳрик хоҳанд кард”.

Аljazeera

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пизишкиён: “Ҳодисаи теруристии Лубнон мояи шармсории ғарбиҳо ва омрикоиҳост”
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори уламои аҳли суннат: Душман ба дунболи ҷудосозии шиа ва суннӣ аст

Матолиби пурбоздид