Роҳҳои нуфузи шайтон

Адаб

Роҳҳои нуфузи шайтон

Шайтон аз ҷойе ба шумо нуфуз мекунад, ки ҳатто ба фикратон намерасад

Вақте шайтон ба далели нофармонӣ, аз даргоҳи илоҳӣ ронда шуд, аз Худо як хоҳиш кард. Гуфт: парвардигоро, ба ман то як замони муайян фурсат ва мӯҳлат бидеҳ. Худо ҳам пазируфт ва барояш мӯҳлат дод. Шайтон сипас хитоб ба Худо арз кард:

“(Худоё!) Акнун ки маро гумроҳ сохтӣ, ман бар сари роҳи онҳо камин мекунам ва аз пеши рӯ, аз пушти сар, аз тарафи рост ва аз тарафи чапи онҳо ба суроғи онҳо меравам ва (он вақт) ту аксари инсонҳоро шукргузор нахоҳӣ ёфт.” (Сураи Аъроф, оятҳои 16-17)

“Аз пеши рӯ, аз пушти сар, аз тарафи рост ва аз тарафи чапи онҳо ба суроғи онҳо меоям”, ба ин маъност, ки барои гумроҳ кардани инсон аз як шеваи собит баҳра намегирам, балки ҳар касро бо ҳамон чизе мефиребам, ки ба он алоқа дорад; обидонро бо ибодат, донишмандонро бо ғурури илмӣ ва баҳсу ҷадалҳои бемаънӣ, сарватмандонро аз тариқи фахрфурӯшӣ ва ғайра…

Дар “Ҷомеъул-ҳикоёт” (с.28) аст, ки дар Банӣ Исроил обиде буд, ки дар савмаъае (ибодатгоҳе) дар як ғор пайваста машғули намозу ибодат буд. Шайтон ҳар чи саъй кард ӯро фиреб диҳад, натавонист. Аз ҳар роҳе, ки ворид шуд, фоида надошт. То ин ки рӯзе болои як теппа баромад ва бо садои баланд фарёд кашид ва лашкариёнашро ба ёрӣ хост. Ҳамаи лашкариёнаш пиромуни ӯ ҷамъ шуданд ва гуфтанд: эй бузурги мо! Чӣ рӯй дода, ки ин қадр нороҳатӣ ва фарёд мекашӣ?!

Гуфт: аз дасти ин обид, ӯ маро бечора карда; аз ҳар роҳе хостам ӯро гумроҳ кунам, натавонистам. Оё касе ҳаст, ки ӯро фиреб диҳад?

Яке аз он миён бархост ва гуфт: ман ӯро фиреб медиҳам.

Шайтон гуфт: аз чӣ роҳе?

Ҷавоб дод: аз роҳи дунё. Дунёро барои ӯ зинат медиҳам.

Гуфт: биншин, ту марди майдони ӯ нестӣ, зеро ӯ ҳеч алоқае ба дунё надорад.

Дигаре бархост ва гуфт: ман меравам ва ӯро фиреб медиҳам.

Гуфт: аз чӣ роҳе?

Ҷавоб дод: аз роҳи шаҳвату занон.

Гуфт: ту ҳам биншин, ки марди майдони ӯ нестӣ, зеро ӯ касе нест, ки ба василаи шаҳват фиреб бихӯрад.

Севвуме бархост ва гуфт: агар иҷоза диҳӣ, ман меравам ва ӯро фиреб медиҳам.

Гуфт: аз чӣ роҳе?

Ҷавоб дод: аз роҳи ибодат ва намоз.

Гуфт: бирав, чун ту марди майдони ӯ ҳастӣ.

Он малъун сабр кард, то вақте ки шаб фаро расид ва ҳаво торик шуд, он гоҳ худро ба сурати яке аз обидон даровард. Омад савмаъаи он обид ва гуфт: эй обид! Ман ғарибам, манзиле надорам, маро имшаб меҳмон кун ва дар савмаъаи худ паноҳам бидеҳ.

Обид ҳам ӯро пазируфт. Шайтон аз аввали шаб то субҳ ибодат кард ва рӯз ҳам пайваста машғули намоз буд. На ғизо мехӯрд, на истироҳат мекард ва на мехобид, дар ҳоле, ки обид гоҳе хаста мешуд, вале шайтон хаста намешуд. Обид мехобид ва ғизо мехӯрд, вале шайтон мудом намоз мехонд.

Обид пеши ӯ рафт ва гуфт: иҷоза медиҳӣ, суоле аз ту бикунам?

Гуфт: феълан вақт надорам, бигузор намоз бихонам.

Саранҷом бо исрори зиёд иҷоза гирифт ва гуфт: эй бандаи Худо! Ман обиде мисли ту надидаам, ки ин қадр ибодат кунад ва намоз бихонад. Ту чӣ кардаӣ, ки ин қадр ошиқи ибодатӣ, ба тавре ки на мехӯрӣ, на мехобӣ ва хаста ҳам намешавӣ, дар ҳоле, ки ман чунин нестам?

Шайтон гуфт: иллаташ ин аст, ки ман муртакиби гуноҳе шудаам ва ҳар вақт ба фикри он гуноҳ меафтам, аз тарси Худо бар худ мепечам, хӯрду хоб аз ман салб мешавад ва машғули намозу ибодат мешавам, вале ту то ба ҳол гуноҳ накардаӣ ва тарс аз Худо дар дили ту нест, аз ин рӯ, дар ибодат суст ҳастӣ ва аз он хаста мешавӣ.

Обид гуфт: чӣ кардаӣ ва гуноҳи ту чӣ буда, ки ин қадр аз Худо метарсӣ ва ибодат мекунӣ?

Гуфт: ман зино кардаам, аз ин рӯ вақте ба фикри он меафтам, қудрати ибодатам бештар мешавад. Ту ҳам агар мехоҳӣ монанди ман ҳоли ибодат пайдо кунӣ, бояд гарчи як мартиба зино кунӣ.

Обид гуфт: ман касеро намешиносам, ки бо ӯ зино кунам, вонгаҳе, ин кор харҷ дорад ва эҳтиёҷ ба пул аст, дар ҳоле, ки ман надорам ва касе ба ман пул намедиҳад.

Шайтон гуфт: ман ба ту кӯмак ва роҳнамоият мекунам.

Даст бурд зери саҷҷода ва миқдоре пул берун овард, ба обид дод ва гуфт: ин пулҳоро бигир ва дохили шаҳр шав. Суроғи хонаи фалон зани фоҳишаро бигир ва бо ӯ зино кун, баъд аз он дигар аз намоз хаста намешавӣ.

Обид пулро гирифт ва равонаи шаҳр шуд ва суроғи хонаи фалон зани фоҳишаро гирифт. Мардум хушҳол шуданд ва гуфтанд: ин обид омада, ки ин занро тавба диҳад ва аз гуноҳ манъаш кунад. Хонаро ба ӯ нишон доданд. Бо ҳамон либосу қиёфае, ки дошт дохил шуд ва гуфт: эй зан! Ин пулро бигир ва зуд омода шав, ки вақти намоз нагузарад.

Зан нигоҳе ба ӯ кард. Либосу қиёфаи ӯро, ки дид, дарёфт, ки вай аз муштариёни ӯ нест, вагарна сару вазъи худро тағйир медод ва ин қадр аҷала намекард. Фаҳмид, ки ӯ аҳли фисқу фуҷур нест. Моҷароро аз обид пурсид. Обид ҳам тамоми саргузашти он касе, ки меҳмони ӯ шудааст ва ин ки чӣ гуна пайваста ибодат мекунад, барои зан нақл кард.

Зан фаҳмид, ки он шахс шайтон будааст. Гуфт: эй бандаи Худо! Ӯ шайтон буда ва аз роҳи намоз мехоста туро фиреб диҳад. Баргард ва аз ин амал мунсариф шав, ки гуноҳ накардан беҳтар аз гуноҳ кардан ва баъд тавба намудан аст, зеро шояд тавба қабул нашавад ё умр тамом шавад ва дар ҳоле бимирӣ, ки тавба накарда бошӣ. Эй обид! Баргард, агар он шахс ҳанӯз машғули намоз аст, пас ӯ инсон будааст, ва агар рафтааст, пас бидон шайтон буда.

Обид вақте баргашт, касеро надид. Аз қазо, он зан ҳамон шаб аз дунё рафт. Субҳ, ки шуд, диданд бар дари хонаи ӯ навишта шуда: эй мардум! Ҷамъ шавед фалон занро дафн кунед, ки аз аҳли биҳишт аст!

Мардум ба шак афтоданд, дар кафну дафни ӯ ҳайрон монданд ва се рӯз дафни ӯро ба таъхир андохтанд.

Худованд ба ҳазрати Мӯсо (а) хитоб кард, ки: бирав ва мардумро хабар кун, то ҷанозаашро ғусл диҳанд ва бар вай намоз бихонанд ва дар қабристони мӯъминон дафн кунанд. Ман ба хотири ин ки яке аз бандагони моро аз гуноҳ мунсариф кард, ӯро бахшидам ва аз гуноҳони ӯ сарфи назар кардам ва ӯро аз аҳли биҳишт қарор додам.

(Ҷомеъ-ул-ҳикоёт, с.28)

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Омори ниҳоии интихоботи риёсати ҷумҳурии Эрон
Омрико: Вошингтун барои ҷилавгирӣ аз ҷанги Исроил ва Ҳизбуллоҳ ба дунболи роҳи ҳалли диплумотик аст

Матолиби пурбоздид