Рӯзии ҳалол
Сабки зиндагӣ
Ҳазрати Муҳаммад(с) фармудаанд:
“Ибодат даҳ ҷузъ аст, ки нӯҳ ҷузъи он, дар кору талош барои ба даст овардани рӯзии ҳалол ихтисос дорад”.
Шахсе шунида буд, ки Худованди Мутаол зомини ризқи бандагон аст ва ба ҳар мавҷуде рӯзиашро мерасонад. Ба ҳамин хотир, ба ин фикр афтод, ки ба гӯшаи масҷиде биравад ва машғули ибодат шавад ва аз Худованд рӯзии худро бигирад.
Ба ин ният, як рӯз аз саҳар, ба масҷид рафт ва машғули ибодат шуд. Ҳамин ки нисфирӯзӣ шуд, аз Худованд талаби таом кард. Ҳарчӣ ба интизор нишаст, барояш хӯроке нарасид, то ин ки шом шуд ва ӯ боз аз Худованд талаби рӯзии шаб намуд.
Мард чашм ба роҳ монд. Чанд соате аз шаб гузашт. Дарвеше вориди масҷид шуд ва дар пои сутуне нишаст ва шамъе рӯшан кард.
Бӯғчае дар бағал дошт. Онро боз кард ва қадре нону хуриш аз он берун оварду машғул ба хӯрдан шуд. Мард, ки аз субҳ бо шиками гурусна дар масҷид нишаста буд ва аз Худо талаби рӯзӣ карда буд, бо ҳасрат ба хӯроки дарвеш чашм дӯхт.
Дид, дарвеш ниме аз хӯрокро хӯрд. Ними боқимондаро ҳам мехӯрд, ки мард беихтиёр сурфае кард. Дарвеш, ки садои сурфаро шунид, гуфт: Ҳар кӣ ҳастӣ, биё, то бо ҳам хӯрок бихӯрем.
Марди бенаво, ки аз гуруснагӣ меларзид, пеш омад ва бар сари суфраи дарвеш нишаст ва машғули хӯрдан шуд.
Вақте сер шуд, дарвеш шарҳи ҳолашро пурсид. Он мард ҳам ҳикояти худашро таъриф кард.
Дарвеш ба он мард гуфт: Фикр кун, агар ту сурфа намекардӣ, ман аз куҷо медонистам, ки ту ин ҷо ҳастӣ, то ба ту таоруфи нону таом кунам ва ту ҳам ба рӯзии худат бирасӣ? – Сипас бо шӯхӣ илова кард: Албатта шакке нест, ки Худованд рӯзирасон аст, аммо ҳадди ақал як сурфае ҳам бояд кард.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: