Сайидҳасан Насруллоҳ: Барои набарди бузург омодаем

Сайидҳасан Насруллоҳ: Барои набарди бузург омодаем

Ахбори минтақа

Эҳтимоли поёни режими ҷаълии саҳюнистӣ дар ҳамин марҳила

Ба гузориши Alef, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, чаҳоршанбе (8 марти 2023) дар нишасте хусусӣ бо ҳудуди 200 нафар аз шахсиятҳои фикрӣ, сиёсӣ ва расонаии теъдоде аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар чорчӯби Конфронси анҷумани таҳлилгарон ва коршиносони сиёсӣ дар Бейрут, гуфт: “Барои набарди бузург дар минтақа комилан омода ҳастем”.

Сайидҳасан Насруллоҳ афзуд: “Набарди аслӣ, набард барои озодии Фаластин аст ва ҳамаи қобилиятҳо ва таҷҳизот барои ин набарди бузург, ки кулли минтақа барои он омода мешавад, дар дастрас аст ва мо мунтазири соати сифр ҳастем”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: “Дахолати омрикоиҳо дар ин замина метавонад аҳаммияти набард ва паёмадҳои аслии даргирии пеши рӯро афзоиш диҳад”.

Насруллоҳ зимни эътироф ба бузургии чолишҳое, ки имрӯз меҳвари муқовимат дар сатҳҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маишатӣ бо он рӯбарӯст, таъкид кард: “Ин меҳвар имрӯз мунсаҷимтар ва қавитар шуда ва бо иродае қавӣ ҷиҳати посухгӯӣ ба ҳар гуна таҷовузи бузурги режими саҳюнистӣ, ки минтақаро ҳадаф қарор диҳад, омодааст”.

Сайидҳасан Насруллоҳ бо ишора ба он чи дар Фаластини ишғолӣ ба унвони як набарди бузург дар ҳоли рух додан аст, зимни тамҷид аз руҳияи муборизони фаластинӣ гуфт: “Бо таваҷҷӯҳ ба миқёси он чи режими саҳюнистӣ бо он мувоҷеҳ аст, поёни режими саҳюнистӣ он қадар наздик шуда, ки мумкин аст дар ҳамин марҳила муҳаққақ шавад”.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фуруши мех бидуни шиноснома мамнуъ!
Ваъдаи худро вафо накард…

Матолиби пурбоздид