Сарчашмаи муҳаббат
Сабки зиндагӣ
Зан сарчашмаи муҳаббат ва мавҷуди бисёр отифӣ аст.
Аз вуҷудаш меҳру муҳаббат меборад, зиндагиаш ба ишқ бастагӣ дорад. Дилаш мехоҳад маҳбуби дигарон бошад, ҳар чи маҳбубтар бошад, шодобтар хоҳад буд ва барои ба даст овардани маҳбубият то сарҳадди фидокорӣ пеш меравад.
Зан агар бидонад, маҳбуби касе воқеъ нашудааст, худро шикастхӯрда ва беасар мепиндорад ва бештари вақтҳо пажмурдаву афсурда хоҳад буд. Ба ин ҷиҳат метавон ба таври қатъ муддаӣ шуд, ки бузургтарин рамзи зандорӣ изҳори муҳаббату алоқа аст. Агар зан бифаҳмад, маҳбуби шавҳараш нест, аз хонаву зиндагӣ безор мегардад, ба фаъолиятҳои хонадорӣ ва бачадорӣ беалоқа мешавад ва аз худ мепурсад, чаро барои шавҳаре талош кунам, ки маро дӯст намедорад!
Меҳру муҳаббати хонаводагӣ дар зиндагии муштарак аз ҳар чизе боарзиштар аст, ки Худованд низ дар Қуръони Маҷид онро аз неъматҳои бузург бар бандагони хеш медонад. Дар ривояте ворид шудааст, ки “Зан аз мард офарида шудааст ва тамоми таваҷҷӯҳаш ба сӯи мард аст, пас, ҳамсаронатонро дӯст бидоред!”
Қаламонлайн