Сиёсатмадори бритониёӣ: “Терури Қосим Сулаймонӣ муқаддимаи суқути Асад буд”

Вазири бритониёӣ: “Терури Қосим Сулаймонӣ муқаддимаи суқути Асад буд”

Ахбори байналмилал

Том Тугендхат, вазири пешини амнияти дохилии Бритониё гуфт: Дунолд Тромп бо судури дастури терури як фармондеҳи барҷастаи эронӣ, занҷирае аз рӯйдодҳоро рақам зад, ки ба сарнагунии Башшор Асад мунҷар шуд.

Рӯзномаи Guardian дар гузорише ба изҳороти Том Тугендхат, ки акнун дар ҳизби муҳофизакор бар сиёсати хориҷӣ тамаркуз дорад, пардохта ва ба нақл аз ӯ менависад: “Қосим Сулаймонӣ нақше асосӣ дар истифода аз Сурия ва Ироқ ба унвони пойгоҳе барои ақиб рондани ДОЪИШ ва тақвияти манофеъи Эрон дар ҳар ду кишвар ифо кард.”

Ӯ мегӯяд: “Ҳамеша таҳти таъсири ин қарор мегирам, ки чӣ гуна бархе афрод бисёр калидитар ва меҳваритар барои як созмон ҳастанд. Воқеият ин аст, ки вақте Қосим Сулаймонӣ дар январи 2020 терур шуд, ӯ ҳамаи равобит ва муомилоти минтақаро дар зеҳни худ дошт.”

Ин сиёсатмадори бритониёӣ мегӯяд: “Барои Сулаймонӣ воқеан ҷойгузине вуҷуд надошт, зеро ҳеч кас наметавонист равобити шахсии 20-солаеро, ки ӯ дошт, ҷойгузин кунад. Медонам, ки ин назари маҳбубе нест, аммо терури ӯ ба дастури Тромп, дар воқеъ, шурӯъе буд, ки суқути режими Асадро калид зад.”

Тугендхат дар бораи Сурия мегӯяд: “Агар Сурияро дуруст мудирият кунем, тайи 10 сол, Сурия на танҳо метавонад ба як қутби субот табдил шавад, балки як қудрати иқтисодии шигифтангез дар минтақа хоҳад буд, ки субот ва тамаддунро ҳамон тавр, ки дар тӯли даҳҳо ҳазор сол анҷом додааст, ба бақияи ҷаҳон содир кунад.”

Дар айни ҳол, ӯ мегӯяд, ки хатароти қобили таваҷҷӯҳе дар Сурия вуҷуд дорад, зеро кишвар ба далели муборизоти гурӯҳҳои курдӣ ва гурӯҳи исломгарои ифротии Ҳайати Таҳрири Шом, тақсим шудааст.

Тугендхат ҳамчунин аз фуқдони стратегияи баландмуддати Ғарб дар Ховари Миёна интиқод ва фурсатҳоеро, ки ба Владимир Путин дода шуд, то худро ба унвони як “марди қудратманди қобили эътимод” нишон диҳад накӯҳиш мекунад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Наздикони раиси ҷумҳур ба далели доштани маводди мухаддир боздошт шуданд
Кадом рухдодро дар Сурия нодида гирифтем?

Матолиби пурбоздид