Сиёсат ба худии худ палид нест
Яке аз бадтарин ва зишттарини хислатҳо дар инсон, ихтилоф афкандан ва тафриқа эҷод кардан байни дӯстону ёрон аст. Ҳам аз назари инсоният ин хислат зишт шумурда мешавад ва ҳам аз назари шариат. Агар баъзе сиёсатмадорони бадандеш шиори “Тафриқа андоз ва ҳукумат кун!”-ро равиш ва шигирде барои расидан ба ҳадафҳояшон дониста ва аз боби “Ҳадаф василаро тавҷеҳ мекунад”, даст ба тафриқаандозӣ ва ихтилофафканӣ миёни дӯстон, ёрон ва ҳамроҳон мезананд, инҳо ҳама ҳикоят аз дур будани ин сиёсатмадор аз инсоният ва арзишҳои ахлоқӣ мекунад.
Ин ки гуфта мешавад: “Сиёсат падару модар намешиносад”, “Сиёсат касиф аст”, “Сиёсат палид аст” ва ғайра.., ин таъбирҳо аз барои сиёсате гуфта мешавад, ки дар он, ҳадаф василаро тавҷеҳ мекунад. Вагарна, сиёсат ба худии худ, на касиф аст ва на палид ва на оқи падару модар.
Сиёсат дар як ҷумла яъне тадбири умури ҷомеа. Ва тадбири умури ҷомеа агар бо ахлоқ тавъам буда ва дастандаркоронаш барои расидан ба ҳадафҳояшон, ҳаргиз мутавассил ба василаҳои нопок нашаванд ва ба иборати дигар, ҳамон тавр ки ҳадафашон пок аст, роҳҳои пок ва инсониро барои расидан ба ҳадаф баргузинанд, дар ин сурат, ин сиёсат сиёсате хоҳад буд пок. Ин ҳамон сиёсатест, ки ойини ислом ба он суфориш мекунад, файласуфоне амсоли Суқрот, Форобӣ (дар “Мадинаи фозила”-аш) ва Бӯалӣ дар осораш, ба он тавсия кардаанд. Аммо агар барои вусул ба ҳадаф, сиёсатпеша аз роҳҳои нопоку ғайриинсонӣ (мисли “Тафриқа андоз ва ҳукумат кун!”) биравад, ин гуна сиёсат воқеан сиёсатест касифу палид, ки ҷуз аз они касифону палидон нест. Файласуфоне мисли Мокиёвелӣ (Machiavelli) якчунин сиёсатеро раво медонистанд ва тибқи он чи мешунавам, дар миёни мақомоти дараҷаи аввали Тоҷикистон мутаассифона ҳамин шигирд роиҷ гашта.
* * *
Дар ислом, агар оштӣ андохтан байни дӯстону ёрон, яке аз волотарин хислатҳои инсонӣ шумурда шуда ва барои оштиандозон аҷру подоши фаровоне ваъда дода шудааст, баръакс, тафриқа афкандан ва кина эҷод кардан миёни ёрону ҳамроҳону дӯстон, яке аз зишттарини хӯйҳо маҳсуб мешавад. Дар ривояте омадааст, ки ҳазрати Паёмбар (с) хитоб ба ёрон фармуданд:
أَلَا أُخْبِرُكُمْ بِأَفْضَلَ مِنْ دَرَجَةِ الصِّيَامِ وَالصَّلَاةِ وَالصَّدَقَةِ
“Мехоҳед шуморо аз амале хабар бидиҳам, ки бартар аз дараҷаи рӯза, намоз ва садақа аст?”
Ёрон арз карданд: бале, бифармоед!
Он гоҳ ҳазраташ (с) фармуд:
صَلَاحُ ذَاتِ الْبَيْنِ؛ فَإِنَّ فَسَادَ ذَاتِ الْبَيْنِ هِيَ الْحَالِقَةُ
“(Он амал) оштӣ андохтан миёни одамҳост, зеро хароб кардани иртибот миёни одамҳо (ва кина эҷод намудан), ин тарошидан аст.” Ва дар ривояте аз ин мазмун чунин таъбир шуда:
هِيَ الْحَالِقَةُ، لاَ أَقُولُ تَحْلِقُ الشَّعْرَ وَلَكِنْ تَحْلِقُ الدِّينَ
“(Хароб кардани иртибот миёни одамҳо) ин тарошидан аст. Манзурам аз тарошидан ин нест, ки мӯйи сари одамро метарошад, балки муродам ин аст, ки дини одамро аз танаш меканад ва метарошад.” (Ривояти Тирмизӣ, ҳадисе саҳеҳ)
Яъне, касе, ки кораш вайрон кардани иртиботи байни ду дӯсту ҳамроҳ ва ё кина эҷод кардан миёни онҳо бошад, ин одам бо ин кораш динашро аз ниҳодаш ва аз вуҷудаш баркандааст, дуруст мисли тарошидани мӯй аз сару сурат.
Ин нуктаро ҳам изофа кунам: афроде, ки корашон эҷоди кина ва душманӣ байни одамҳост, меваи ин рафтори нописандашонро дар ҳамин дунё, қабл аз охират, хоҳанд чашид ва чунон ки Мавлоно мефармояд:
Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,
Бозгардад ин нидоҳоро садо.
Ту агар хубӣ кардӣ, подошу аҷри онро – гузашта аз охират – дар ҳамин дунё низ хоҳӣ дид. Ва агар ба касе бадӣ кардӣ, мутмаин бош сазои ин рафторатро дар ҳамин дунё ва пеш аз охират, хоҳӣ чашид. Ин як қонун ва суннати ҳоким бар ҷаҳон аст ва гурезе аз он нест. Зарбулмасале низ ҳаст, ки мегӯяд: “Ҳар чӣ кунӣ, ба худ кунӣ, гар ҳама неку бад кунӣ.”
Марҳуми Ғаззолӣ дар “Эҳёи улуми дин” воқеаи аҷиберо аз забони Бакр ибни Абдуллоҳ нақл мекунад. Мегӯяд, марди некӯкоре буд ва миёни ӯ ва подшоҳ дӯстии самимонае барқарор буд. Ин марди некӯкор ҳамеша подшоҳро чунин насиҳат мекард: “Ту ба некӯкорон некӣ бикун (яъне ба онҳо подош бидеҳ), аммо ниёзе нест бадкоронро муҷозот кунӣ, зеро бадкории онҳо туро аз онҳо бениёз мекунад.” Ба ин маъно, ки амалҳои бади онҳо рӯзе гиребони худашонро мегирад ва ҳамин худаш муҷозот аст.
Як марди дигаре буд дар дарбори он шоҳ, ки ба ин марди некӯкор ҳасодат меварзид ва иртиботи самимии вай бо шоҳро дидан наметавонист. Хост миёни онҳо хароб кунад. Омад назди шоҳ ва гуфт, ин мардак, ки шумо хеле ба ӯ алоқа доред, дар воқеъ ба шумо алоқа надорад ва дар бораи шумо ҳарфҳои норавое ба ину он мегӯяд, ӯ ба мардум мегӯяд, шоҳ даҳонаш бӯйи бад медиҳад.
Шоҳ, аввал ҳеч бовараш нашуд, аммо он мард он қадр гуфт, ки дигар дар дили шоҳ шубҳа эҷод шуд. Ба шоҳ гуфт, агар боваратон намеояд, як имтиҳон кунед, бибинед вақте ӯ ба шумо наздик мешавад, даст бар бинӣ ва даҳонаш мегузорад, ба ин гумон, ки даҳони ҳазрати олӣ бӯйи бад медиҳад.
Шоҳ ба он мард гуфт, хуб, бирав, фурсат, ки шуд, як имтиҳон мекунам.
Ин марди ханнос аз назди шоҳ мустақим рафт пеши он марди некӯкор ва ӯро барои меҳмонӣ ба манзили худ даъват кард. Ғизое пухт аз сир (чеснок) ва марди некӯкорро меҳмондорӣ кард. Марди некӯкор аз манзили ханнос роҳии дарбор шуд. Шоҳ ӯро ба назди худ хонд. Марди некӯкор, ки даҳонаш бӯйи сир медод, ба хотири он ки шоҳ азият накашад, дастонашро бар бинӣ ва даҳонаш гузошт ва наздики шоҳ омад. Шоҳ дигар тардиде накард, ки он мард рост мегуфтааст. Билофосила ба марди некӯкор гуфт, бароям варақу қаламе биёвар, як номаи сиррӣ менависам ба яке аз волиёнам ва ту бидуни он ки номаро боз кунӣ ва бидонӣ, ки он ҷо чӣ навишта шудааст, ба волӣ бирасонаш. Шоҳ дар нома навишта буд: “Ҳамин ки ин нома ба дастат расид, ҳомили онро сарашро аз тан ҷудо кун ва ба ман бифирист!” Он бандаи Худо ҳам, бидуни он ки бидонад, муҳтавои нома чист, номаро бардошт ва аз пеши шоҳ берун омад.
Дар дами дарвоза он ханнос истода буд, ӯ намедонист ҷараён чист. Аз некӯкор пурсид, куҷо меравӣ? Гуфт, шоҳ номае ба фалон волӣ навишта, то бирасонам. Ханнос, ки аз ҳар фурсат истифода мекард, то ба шоҳ наздиктар шавад, аз марди некӯкор хост, номаро ӯ бирасонад. Ӯ ҳам дод. Номаро, ки ханнос расонд ва волӣ хонд, волӣ ба ханнос гуфт, ман бояд саратро бибурам ва ба шоҳ фирсонам. Ӯ ҳарчанд мехост бифаҳмонад, ки соҳиби ин нома фарде дигар буд, аммо волӣ дигар гӯш накард.
Хулоса, сари ин ханносро пеши шоҳ оварданд. Вақте дид, таъаҷҷуб кард. Аз марди некӯкор ҷараёнро пурсид ва ӯ ҳам тамоми моҷароро ва низ меҳмондории ханнос ва ин ки чаро даст бар бинӣ ва даҳонаш гузошта буд, нақл кард. Ин ҷо буд, ки шоҳ гуфт, воқеан ту ба ман рост мегуфтӣ, ки: “Ту ба некӯкорон некӣ бикун (яъне ба онҳо подош бидеҳ), аммо ниёзе нест бадкоронро муҷозот кунӣ, зеро бадкории онҳо туро аз онҳо бениёз мекунад.”
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)
Қаламонлайн