СММ ҳамлаи террористӣ дар Шерозро маҳкум кард

СММ ҳамлаи террористӣ дар Шерозро маҳкум кард

Ахбори байналмилал

Шӯрои амнияти СММ бо судури баёнияе ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ – яке аз маконҳои динӣ-мазҳабии Эрон – ро башиддат маҳкум кард.

Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо таъкид бар ин ки ҳар гуна иқдоми террористӣ, сарфи назар аз ангезаи онҳо, дар ҳар замон ва тавассути ҳар касе, анҷом бигирад,  муҷримона ва ғайри қобили тавҷеҳ аст, ҳамлаи террористии мазкур дар Шерозро маҳкум намуд.

Аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаи террористӣ дар ҳарами Шоҳчароғи Шерозро, ки масъулияти он бар уҳдаи ДОИШ буда ва дар он ҳамла, ду нафар кушта ва ҳашт нифар захмӣ шудаанд, ба шиддадтарин ваҷҳ маҳкум карданд.

Бар баёнияи мазкур омадааст:

Аъзои Шурои Амнияти СММ маротиби  ҳамдардӣ ва таслияти амиқи худро бо хонаводаи қурбониён ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз карданд ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намуда ва бори дигар таъкид карданд, ки терроризм дар ҳамаи шаклҳо ва мазоҳири он, яке аз ҷиддитарин таҳдидҳо барои сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон амнияти марзҳои муштарак бо Афғонистонро тақвият мекунад
Фалсафаи ахлоқ – YII

Матолиби пурбоздид