Созмони Мусод муддаӣ шуд, талоши Ҳизбуллоҳ барои ҳамла ба аҳдофи Исроилро дар Бразил хунсо кардааст

Созмони Мусод муддаӣ шуд, талоши Ҳизбуллоҳ барои ҳамла ба аҳдофи Исроилро дар Бразил хунсо кардааст
Ахбори байналмилал
Созмони ҷосусии Исроил (Мусод) муддаӣ шуд, ки талоши Ҳизбуллоҳ барои ҳамла ба аҳдофи Исроил дар Бразилро хунсо кардааст
Созмони ҷосусии Мусод эълом кард, ки бо ҳамкории пулиси Бразил талоши гурӯҳе дар ин кишвар барои ҳадаф қарор додани аҳдофи Исроил ва шаҳрвандони яҳудиро бенатиҷа гузоштааст.
Ба гузориши хабаргузории Reuters, Мусод мегӯяд, бо ҳамкории созмонҳои амниятии Бразил ва байналмилалӣ, амалиётеро, ки Ҳизбуллоҳ қасд дошт алайҳи аҳдофи исроилӣ ва яҳудӣ дар Бразил анҷом диҳад, хунсо карда ва ҳамчунин муддаии кашфи шабакаи густурдае, ки дар соири кишварҳои ҷаҳон низ фаъолият мекунад, шудааст.
Дафтари Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, шаби гузашта дар баёнияе ин иддаоро матраҳ кард ва ба нақл аз Мусод муддаӣ шуд, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ҳимояти молии Эрон ин амалиётро тарроҳӣ карда буд.
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафари Раисӣ ва ҳайъати ҳамроҳ ба Тоҷикистон 
Дастёбии Ҳизбуллоҳ ба мушакҳои русӣ

Матолиби пурбоздид