Суханони Тромп алайҳи Эрон дар дидор бо нахуствазири Ҳинд
Ахбори байналмилал
Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико, дар дидор бо Норендро Мудӣ, нахуствазири Ҳинд, мавозеи бисёр тунде алайҳи Эрон эълом кард.
Ӯ гуфт: “Вақте 4 сол пеш рафтам, медонед, Исроил ва Ховари Миёна мушкиле надоштанд, 7-уми октябр – он фоҷеаи бузург иттифоқ наафтода буд, ҳеч хабаре набуд. Эрон намехост коре кунад, чун он мавқеъ пули зиёде надошт, онҳо варшикаста буданд, комилан варшикаста буданд, пуле барои Ҳамос ё Ҳизбуллоҳ надоштанд ва Русия бо Укройн даргир набуд, ки ҳаргиз иттифоқе намеафтод. Аммо ҳоло, ки баргаштам, мебинам кулли дунё оташ гирифта. Пас бояд ин оташҳоро хомӯш кунам. Баъд аз хомӯш кардани оташҳо, бо Чин ва Русия дидор мекунам, то бибинем оё метавонем танишро кам кунем, авзоъро ором кунем, бахусус дар мавриди масоили ҳастаӣ ва низомӣ.”
(Тобнок)
Қаламонлайн