“Сӯйи мо ояд нидоҳоро садо”
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Масали маъруфе ҳаст дар назди тақрибан ҳамаи миллатҳои ҷаҳон, ки Мавлоно онро ба сурати назм баён карда он ҷо, ки мегӯяд:
Бар ман аст имрӯзу фардо бар вай аст,
Хуни чун ман кас чунин зойеъ кай аст?
Мегӯяд, имрӯз ба зиёни ман сипарӣ шуд, вале фардо қатъан ба зиёни ӯ хоҳад буд, зеро ҳар кас чоҳе барои дигарӣ биканад, рӯзе худ ба он чоҳ хоҳад афтод ва натиҷаи феъли худро хоҳад дид. Чаро ки хуни мазлуме ҳамчун ман, магар мумкин аст ба ҳадар равад?
Асосан, як қонун дар ҷаҳон ҳоким аст ва он ин ки:
Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,
Сӯйи мо ояд нидоҳоро садо.
Яъне, ин ҷаҳон дар масал, монанди кӯҳ аст ва аъмоли мо низ монанди бонгу фарёде аст, ки дар кӯҳ танин меафканад. Бешак ҳар фарёде, ки дар кӯҳ бизанем, танини он дубора ба сӯйи мо бозмегардад.
* * *
13 феврал, дар ҳоле, ки ҷаҳон машғули тамошои корҳои аҷибу ғариби Тромп буд ва дар дохили Тоҷикистон аммо дар асари ҳоким будани фазои тарсу ҳарос аз ин ки бо кучактарин ҳаракат, шаҳрвандонро зиндонӣ мекунанд, дар якчунин фазое, 9 нафар инсон ба иттиҳоми талош барои кудато (табаддулот) маҳкум шуданд; иттиҳоме, ки дастгиршудаҳо инкор мекунанд ва ҳукумат ҳеч далел ва бурҳоне барои он ироа накардааст ба ҷуз ин ки бигӯяд, “парванда махфӣ аст”.
Ғолибан дар дигар кишварҳо – ҳатто дар як кишваре, ки низомаш диктотурист – дар якчунин мавоқеъ, лоақал яке ду далел меоваранд ҳарчанд агар “парванда махфӣ” бошад, билохира шаҳрвандон, ки бо камоли пӯзиш, хару гову гӯсфанд, ки нестанд, лоақал барои эҳтироми онҳо, ки шуда, яке ду далел ироа мекарданд. Аммо дар кишвари мо мутаассифона ҳеч чиз дар бораи ин парванда ироа нашуд. Ин, росташ, дар дараҷаи аввал як беэҳтиромии бузург ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст, гӯӣ фикру назари онҳо дар назди ҳукумат ҳеч арзише надорад, мақомот барои онҳо пашизе эҳтиром қоил нестанд.
Ва сониян – ки зарбулмасал ва шеъри Мавлоноро низ ба ҳамин хотир овардам – чунон ҳам нест, ки ин гуна рафторҳо, дар назди Худо ва аз назари қонунҳои ҳоким бар ҷаҳони ҳастӣ агар ба Худо мӯътақид набошед, беҷавоб монад. Чунин нест. Ин бандаҳои Худоро, ки бе далел боздошт ва бо ин айби исботнашуда, ба 8 то 27 сол аз озодӣ маҳрум мекунед, ин кор оё гумон мекунед, ки беҷавоб мемонад? Як ҳодисаро, ки дар хурдсолиам иттифоқ афтода, бароятон нақл кунам.
Дар айёми кӯдакӣ, дар синини 10 ё 11 солагиам ин ҳодиса иттифоқ афтода, ки ҳаргиз аз хотирам намеравад. Дар ҳамсоягии падарбузурги модариам дар Истаравшан пирамарде, ки ду фарзанд дошт зиндагӣ мекард. Рӯзе ҳамроҳи падарбузургам аз оройишгоҳ (сартарошхона) бармегаштем. Яке аз фарзандони ин пирамард дар ҳолати мастӣ буд ва падарашро мезад, то ҷойе ки ӯро бо пойи худ лагад мекард. Эшонбобом рафтанд ва аз дасти он маст гирифтанд ва хостанд, монеъи задани ӯ бишаванд. Аммо аҷиб ин ки пирамард хитоб ба Эшонбобом ба ин мазмун гуфт: Тӯраҷон! Бигузоред, маро бизанад. Ин сазои ҳамон корҳое аст, ки ман дар ҷавонӣ нисбат ба бегуноҳон раво дошта будам. Ман даҳҳо одамҳои бегуноҳро аз ҷумла падари шуморо озору азият ва равонаи зиндон карда будам. (Ин пирамард дар ҷавонӣ масъули НКВД буда ва бисёр одамҳоро дар Истаравшан озору азият мекарда).
Ба ҳар сурат, касе ки ба мардум зулм ва ситам кунад, дар ҳамин дунё қабл аз охират ба сазои кардаҳояш мерасад. Ин як суннати таърих ва қонуни илоҳист.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн