Табъизи нажодӣ дар… Жопон

Таҳлили хабарӣ

Табъизи нажодӣ дар… Жопон

Ёддошти Иброҳим Халилов

Дар Ҷопоне, ки дар дунё бо инсонпарварӣ машҳур аст, зуд зуд тафриқаандозӣ ва дискримантсияро мушоҳида намудан мумкин аст. Масалан, дар шаҳраки сайёҳии Юфуин, ки тамоми иқтисодиёташ аз туризм вобастагӣ дорад, навишта шудааст, ки аз гармчашмаҳо метавонанд танҳо сокинони маҳаллӣ истифода баранд ва барои сайёҳон манъ аст. Ё агар ба баъзе меҳмонхонаҳо равед, ба дасти шумо дар 5 варақ дар якчанд бахшҳо огоҳиномаро медиҳанд. Масалан, агар касеро биёред, ҷаримаи калон, тамоку кашед, ҷарима ё боз барои ягон кори дигар даъвати пулисро таъкид месозанд. Ба ҷои он ки ба Шумо истироҳати хушро таманно намоянд, як қатор огоҳномаҳо… Фикр мекунам, ин чандон дуруст нест…

Дар мавриди иҷораи хона нисбат ба хориҷиён низ дискриминатсия зиёд аст. Тибқи пурсиши доиршуда 40 фоизи хоричиёни Ҷопон ба ин мушкилӣ дучор шудаанд. Яъне ба хотири ҷопонӣ набуданашон бо онҳо шартнома набастанд ва манзилҳоро пешниҳод нанамудаанд.

Томсон Чошуаи британӣ, ки дар Ҷопон ба воя расидаасту ин забонро озодона медонад, дар саҳифаи Инстаграми худ дар бораи он, ки чӣ тавр риелтор ба ӯ рад намуд, ба таври нимшухию нимҷиддӣ видео пахш намуд ва дар муддати кӯтоҳ ин навор машҳур гашт. Вай аз он изҳори нигаронӣ кард, ки корманд пайваста мегуфт: ба хориҷиён иҷорагирӣ мумкин нест. Одамон шарҳҳои гуногун менавиштанд. Яке менавишт, ки бо вуҷуди он ки 20 сол боз дар Ҷопон кору зиндагӣ мекунад, пайваста барои иҷора ҷавоби рад мегирад. Сабаби “дилмондагии” баъзе аз ҷопониҳо аз хориҷиҳо он будааст, ки хориҷиёне, ки онҳо хонаашонро ба иҷора медиҳанд, на дар ҳама ҳолат ба “сортировкаи” партов ва оромӣ риоя менамоянд…

Дар Ҷопон тахминан 400 ҳазор нафар кориягиҳо зиндагӣ мекунанд. Баъзеи онҳо ҳарчанд насли сеюм ба ҳисоб мераванд, то ҳол барои гирифтани шиносномаи ҷопонӣ ба таври автоматӣ муваффақ нашудаанд. Онҳоро “зайничӣ” меноманд ва қисми зиёдашон ба таври маҷбурӣ барои иҷрои корҳои вазнин солҳои мустамлика ба Ҷопон оварда шудаанд. Эътироф бояд намуд, ки гоҳе маврид нисбат ба онҳо дикримантсия эҳсос мешавад. Ширкатҳое ҳастанд, ки танҳо ҷопониҳои “тоза”-и маҳаллиро ба кор мегиранд…

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натонёҳу: Мо дар ҷанги сахте бо меҳвари Эрон ҳастем
Посух ба ду шубҳа

Матолиби пурбоздид