Таваққуфи музокироти Қоҳира бидуни натиҷа ва бозгашти ҳайатҳои Ҳамос ва Исроил

 

Таваққуфи музокироти Қоҳира бидуни натиҷа ва бозгашти ҳайатҳои Ҳамос ва Исроил

Ахбори байналмилал

Alalam

Ҷунбиши Ҳамос бомдоди ҷумъа (10 май) эълом кард, ки ҳайати ширкаткунанда дар музокироти оташбаси Ғазза дар Қоҳира, ин шаҳрро ба мақсади Қатар тарк кардааст ва афзуд: “Акнун тӯп комилан дар замини режими саҳюнистӣ аст.”

Ба гузориши Алъолам, дар баёнияи Ҳамос дар ин хусус омадааст: “Ҳайати музокиракунанда Қоҳираро ба мақсади Дуҳа тарк кард, ишғолгарон амалан пешниҳоди миёнҷигаронро рад карданд ва дар чанд мавзӯъи асосӣ ба он эътироз карданд.”

Ин баёния меафзояд, ки Ҳамос ба ин пешниҳод пойбанд аст, бинобар ин, акнун тӯп ба таври комил дар замини ишғолгарон аст.

Дар ин росто, пештар Иззат Ришқ, яке аз аъзои дафтари сиёсии Ҳамос дар баёнияе эълом кард, ки ишғоли гузаргоҳи Рафаҳ тавассути “Исроил” роҳро бар миёнҷиҳо бастааст. Вай таъкид кард, ки Ҳамос ба мавзеъи худ дар мавриди оташбаси пешниҳодӣ пойбанд аст.

Дар ин замина, коноли хабарии Қоҳира низ ба нақл аз як манбаъи баландпоя гузориш дод, ки ҳайатҳои Ҳамос ва режими саҳюнистии ширкаткунанда дар музокироти Қоҳира дар миёнаи тадовуми ихтилофот бар сари оташбас дар Ғазза ва табодули асирон, Мисрро тарк карданд.

Радиои режими саҳюнистӣ ҳамчунин ба нақл аз як мақоми “сиёсии аршад”-и ишғолгарон гузориш дод, ки ин режим дар мавриди пешниҳоди Ҳамос мулоҳизоте ироа кардааст.

Ба гуфтаи ин мақоми саҳюнист, “ҳайати исроилӣ дар роҳи Исроил аст ва музокирот соатҳое пеш ба далели мулоҳизоти Исроил дар хусуси пешниҳоди Ҳамос аз тариқи миёнҷигарон ба поён расид”.

Вай гуфт: “Музокирот мутаваққиф шудааст.”

Ин мақоми режими саҳюнистӣ ҳамчунин афзуд: “Исроил тибқи барнома, ба амалиёти низомии худ дар Рафаҳ ва навори Ғазза идома хоҳад дод.”

Як манбаъи мисрии олирутба низ таъкид кард, ки “талошҳои Миср ва талошҳои миёнҷиҳо барои наздиктар кардани дидгоҳҳо” байни Ҳамос ва ишғолгарон идома дорад”.

Alalam

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гузарномаи сафар
Ҳойдегер ва поёни фалсафа

Матолиби пурбоздид