Тавсияҳое аз Паёмбари Акрам(с)
Паёмбари Акрам(с) фармуданд:
“Маҳбубтарини мардумон ба Худо касе аст, ки нафъаш бештар ба мардум бирасад. Беҳтарини амалҳо ба Худо хушҳолӣ ва шодмоние аст, ки ту бар дили мусалмоне ворид бисозӣ ва ё мусибатеро аз ӯ бартараф бикунӣ ё қарзеро, ки бар гардани ӯст адо намоӣ ё гуруснаеро сер бикунӣ…»
Сипас дар идома Паёмбар (с) мефармоянд:
“Агар ҳамроҳи як бародари мусалмонам барои баровардани як ҳоҷат биравам, бароям беҳтар аз ин аст, ки як моҳ дар масҷид ба эътикоф биншинам.”
(Ривояти Табаронӣ)
Қаламонлайн