Тангаи Ҳурмуз аз нав баста шуд
Ахбори байналмилал
Эрон тангаи Ҳурмузро баст
Ба гузориши хабаргузории Форс, сарҳанг Иброҳими Зулфиқорӣ, сухангӯи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с)-и Сипоҳ гуфт:
“Ҷумҳурии Исломии Эрон пайрави тавофуқоти қаблӣ дар музокироти суратгирифта, бо ҳусни ният бо убури теъдоди маҳдуде аз киштиҳои нафткаш ва тиҷорӣ аз тангаи Ҳуомуз ба сурати мудириятшуда мувофиқат кард. Вале мутаассифона омрикоиҳо бо бадаҳдиҳои мукаррар, ки дар собиқаи худ доранд, ҳамчунон ба роҳзанӣ ва дуздии дарёӣ таҳти унвони ба истилоҳ муҳосира, идома медиҳанд.”
Вай афзуд: “Ба ҳамин далел, контроли тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қабл баргашт ва ин тангаи роҳбурдӣ таҳти мудирият ва контроли шадиди нерӯҳои мусаллаҳ қарор дорад.”
Сухангӯи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с)-и Сипоҳ хотирнишон кард: “Эълом медорад, то замоне, ки Омрико ба маҳдудияти тараддуди шиноварҳо аз мабдаи Эрон ба мақсад ва аз мақсад ба мабдаи Эрон поён надиҳад, вазъияти тангаи Ҳурмуз ба шиддат контрол ва ба ҳолати қаблӣ боқӣ мемонад”.
Farsnews
Қаламонлайн












