Таҳлилгари маъруф: Телавив ҷанги Ғаззаро бохтааст

Таҳлили хабарӣ
Таҳлилгари маъруф: Телавив ҷанги Ғаззаро бохтааст
Таҳлил
Як расонаи маъруфи арабӣ дар гузорише ба қалами Тонӣ Хурӣ, таҳлилгари машҳур, бо ишора ба раванди ду моҳи гузаштаи ҷанги Ғазза, режими саҳюнистиро бозандаи ин ҷанг донист.
Тонӣ Хурӣ дар мақолае дар Elnashra, бо ишора ба хасоратҳои режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза, овардааст: “Ҷанги Ғазза ҳанӯз тамом нашуда, то бозанда ва барандаи он мушаххас шавад. Аммо хасоратҳои иқтисодӣ, молӣ, сиёсӣ, диплумотик, нафтӣ ва гардишгарии воридшуда ба Телавив, бисёр фаротар аз тасаввури онҳо буд.”
Хурӣ менависад: “Дуруст аст, ки аз ҳайси талафоти инсонӣ, вазъи фаластиниён ва саҳюнистҳо қобили қиёс нест, аммо тарафи дуввум (режими саҳюнистӣ) мутаҳаммили хасоратҳои сиёсӣ ва диплумотик ва молии фаровон шудааст. Инҷо ин суоли муҳим матраҳ мешавад, ки оё режими Исроил ҷангро бохтааст? Ҷавоб ин аст, ки: бале.
Хурӣ меафзояд: “Чӣ касе бовар мекард, ки дар дохили давлати Омрико бархе шарти кӯмак ба Телавивро ба оташбас дар Ғазза ё накуштани ғайринизомиён, вобаста кунанд? Чӣ касе бовар мекард, ки дар Иттиҳодияи Урупо садоҳое баланд шавад, ки хостори бозхости шаҳракнишинони саҳюнист шаванд? Чӣ касе бовараш мешуд, ки урупоиҳо таҳдид ба таваққуфи ҳамкории иқтисодӣ бо Телавив кунанд?”
Тонӣ Хурӣ идома медиҳад: “Чӣ касе бовар мекард, ки раванди шитобони оддисозии равобит бо Телавив, ба иллати иқдомоти режими Исроил дар Ғазза, дар маърази таҳдид қарор бигирад? Чӣ касе фикр ё бовар мекард, ки руъёи Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири кунунӣ, барои таҳмили як кишвари яҳудӣ, пас аз он ки ӯ то ин ҳадд ба бардоштан аввалин гомҳо барои табдили он ба воқеият ва ҷовидона шудани номи худ дар миёни саҳюнистҳо наздик буд, дар ҳадди як руъё бимонад?”
Ин таҳлилгари маъруф менависад: “Чӣ касе тасаввур мекард, ки шаҳракнишинони саҳюнист шаҳракҳои худро тарк кунанд, ба вежа пас аз ин ки яке аз боризтарин аҳдофи Телавив, балъидани сарзаминҳои фаластиниён ба шакли густурда ва муҳосараи миллати Фаластин дар маҳдудаи ҷуғрофиёии маҳдуд буд?”
Хурӣ изофа мекунад: “Суолоти бисёр дигаре қобили тарҳ аст, ки ҷойи тардид боқӣ намегузорад дар ин бора, ки Исроил тайи ду моҳи гузашта ҷангро бохтааст ва ҳамаи инҳо Телавивро дар зумраи бозандагон қарор медиҳад.”
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зарурати ваҳдат ва якпорчагии уммати исломӣ – II
Зарурати ваҳдат ва якпорчагии уммати исломӣ

Матолиби пурбоздид