Таҳлиле бисёр дақиқ аз Лук Ҳординг (Luke Harding) дар Guardian

Таҳлили хабарӣ

Таҳлиле бисёр дақиқ аз Лук Ҳординг (Luke Harding) дар Guardian

Ишора: Лук Донил Ҳординг, хабарнигори хориҷии Guardian ва нависандаи китоби “Давлати мофиёӣ” (Mafia State) дар соли 2011, ки ба таҷрибааш аз зиндагӣ дар Русия ва режими Путин пардохтааст, имрӯз дар ёддоште дар рӯзномаи бритониёии Guardian, перомуни таҳдидоти ахири Пригожин, раиси гурӯҳи шибҳинизомии “Вогнер” ва Путин, раисиҷумҳури Русия алайҳи якдигар, менависад: “Евгений Пригожин моҳҳост, ки раҳбарони низомии Русияро интиқод кардааст. Ӯ Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва Валерий Герасимов, фармондеҳи кулли қуворо мавриди интиқод қарор дода ва ононро ба бекифоятӣ муттаҳам кардааст. Ӯ дар видеое Маскавро масъули кушта шудани сарбозони “Вогнер” донистааст ва аҷсоди анбошташудаи ононро пушти сараш нишон дода буд”.

Натиҷаи намоиши шигифтангези ҷумъа ҳар чи ки бошад, воқеият он аст, ки Путин заъифтар аз ҳар замони дигаре аз замони риёсати ҷумҳуриаш дар соли 2000 ба ин сӯ ба назар хоҳад буд. Тасмими ӯ барои ҳамла ба Укройн, як иштибоҳи стротежии бузургро ба исбот расондааст; бузургтарин иштибоҳи даврони ҳирфаии ӯ ва шояд дер ё зуд ӯро маҷбур ба канорагирӣ аз қудрат кунад.

Инак, машрӯҳи таҳлили Лук Ҳординг:

Пригожин дар номае аз Шойгу хост, то худ аз хатти муқаддами хунини Укройн боздид кунад; ҷойе, ки сарбозони “Вогнер” дар шаҳри Бохмут дар шарқи Укройн ҷангида ва кушта шудаанд. Ба назар мерасид, ки душмании Пригожин-Шойгу воқеӣ бошад. Бо ин вуҷуд, дар системи ғайри шаффофи Путин, ки бештар шабеҳи дарбори усмонӣ буда, то давлати ғарбӣ, ташхиси он мавзӯъ душвор буд.

Путин барои беш аз ду даҳа нақши олитарин доварро ифо карда ва як ҷиноҳи баландпарвози Кремлинро дар муқобили ҷиноҳи дигар қарор додааст. Ин токтики қадимии ”Тафриқа биандоз ва ҳукумат кун” буд. Пригожин пештар собит карда буд, ки як муттаҳиди вафодор барои Путин аст. Вазоифи вежае ба ӯ супурда шуда буд. Рӯйдодҳои дромотики 12 соати гузашта ҳокӣ аз он аст, ки чунин муомилае бо Кремлин агар то ба ҳол вуҷуд дошта мунтафӣ аст. Пригожин чизе камтар аз барканории Шойгу ва ҷойгузинии риёсати ситоди куллро намехоҳад.

“Вогнер” аз шарқи Укройни тасарруфшуда ба Русия рафта бидуни он ки бо муқовимати зиёде рӯбарӯ шавад. Ба назар мерасад, ки нерӯҳои “Вогнер” сохтмонҳои калидиро дар “Ростов на Дону”, мақарри фармондеҳии ноҳияи низомии ҷануби Русия ва нуқтае муҳиммеро барои “амалиёти низомии вежа”-и Маскав тасарруф кардаанд. Женеролҳои руси ваҳшатзада аз Пригожин хостаанд, ки ақибнишинӣ кунад ва “кудатои давлатӣ”-и худро лағв намояд. Худравҳои зиреҳӣ дар хиёбонҳои Маскав дар ҳоли тараддуд ҳастанд, ки зоҳиран барои муҳофизат аз Вазорати дифоъ ва соири марокиз дар баробари ҳамалоти эҳтимолии дохилӣ фиристода шудаанд.

Ин манзараи хориқулода хотироти кудатои номуваффақи тобистони 1991-ро, ки тавассути тундравҳои КГБ барои ҳифзи қудрати кумунистӣ анҷом шуда буд дар зеҳн тадоъӣ мекунад. Он тарҳ бо шикаст мувоҷеҳ шуд, аммо фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар моҳҳои баъдро суръат бахшид. Хеле зуд аст, ки бигӯем, оё таърих дар ҳоли такрор аст ё хайр?!

Пригожин хостори сулҳ нест. Монифести ӯ ин аст, ки Русия бояд бо корзоре шадидтар дар Укройн мубориза кунад, бо тасмимгирӣ дар сутуҳи болотар, бо садоқати бештар ва сарбозони камтаре, ки аз диди ӯ дар корҳои беҳуда ғӯтавар шудаанд. Пригожин Шойгуро муттаҳам ба сарпӯш гузоштан бар мизони хасороти воридшуда бар Русия мекунад. Ӯ ҳамчунин аз ақибнишиниҳои соли гузашта норозӣ аст; замоне, ки артиши Русия маҷбур ба тарки шаҳри ҷанубии Херсон ва бахши аъзами устони Херсон дар шимоли шарқии Укройн шуд.

Натиҷаи намоиши шигифтангези ҷумъа ҳар чи ки бошад, воқеият он аст, ки Путин заъифтар аз ҳар замони дигаре аз замони риёсати ҷумҳуриаш дар соли 2000 ба ин сӯ ба назар хоҳад буд. Тасмими ӯ барои ҳамла ба Укройн, як иштибоҳи стротежии бузургро ба исбот расондааст; бузургтарин иштибоҳи даврони ҳирфаии ӯ ва шояд дер ё зуд ӯро маҷбур ба канорагирӣ аз қудрат кунад.

Путин субҳи рӯзи шанбе пас аз оғози шӯриши Пригожин, як суханронии телевизионӣ ироа кард. Ӯ шӯришиёнро ба хиёнат муттаҳам кард ва як режими “зидди терур”-ро дар Маскав муаррифӣ кард. Ҳатто агар шӯриш ба суръат ба шикаст бианҷомад, амвоҷи шоки ношӣ аз он барои моҳҳо идома хоҳад дошт ва ба бесуботии сиёсӣ доман мезанад ва аломати суолеро дар мавриди ояндаи Путин ва раҳбари пас аз ӯ эҷод хоҳад кард. Ин таҳаввулот эҳтимолоти қобили таваҷҷӯҳ ва ҷолиберо барои Укройн эҷод мекунад.

Нерӯҳои “Вогнер” дар манотиқи ишғолии Луҳонск (Луганск) ва Дунетск (Донецк) мустақар шудаанд. Бархе аз онон дар 24 соати гузашта онҷоро тарк карда ва ба Русия бозгаштаанд. Гузоришҳои аввалия ҳокӣ аз он аст, ки нерӯҳои укройнӣ чандин хиёбони вайроншуда дар Бохмутро тасарруф кардаанд; ҷойе, ки моҳҳо набарди сахте дар он ҷараён доштааст. Артиши хусусии Пригожин муташаккил аз довталабон ва маҳкумони озодшуда собит карда, ки нисбат ба артиши маъмулии Русия таҷҳизоти низомии муназзам ва тавонмандтаре дорад ва акнун аз саҳна нопадид шуда ва таваҷҷӯҳи худро ба худи Русия маътуф кардааст.

Қудратгири пурмухотираи Пригожин муҳосиботро тағйир медиҳад. Агар руҳияи хатти муқаддами Русия суқут кунад ва сарбозон, ҳозир ба ҷанг набошанд, Укройн метавонад манотиқи қобили таваҷҷӯҳеро ба суръат тасарруф кунад. Руъёи Путин барои тасхири кулли Укройн ва “пайвастани муҷаддад”-и он ба Русия муҳаққақ нашудааст. Мушаххас шуда, ки ин фонтезӣ ва таваҳҳуми як диктотор будааст: маҳсули ҳуши заъиф, тафаккури масеҳоӣ ва инзивоии шадиди Путин дар тӯли пондемии Ковид. Пирӯзи Русия бар Киев дуртар ва баъидтар аз ҳамеша ба назар мерасад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ардуғон моҳи оянда мизбони Натонёҳу дар Туркия хоҳад буд
Беобрӯии бузург; ё ғофилгирии Путин

Матолиби пурбоздид