Тоҷикистон ва Покистон – ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ
Ахбори минтақа
Дар дидори вазирони дифои Тоҷикистон ва Покистон, бар афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи иттилоотӣ, амниятӣ ва низомӣ гуфтугӯ анҷом шуд.
Шералӣ Мирзо – вазири дифои Тоҷикистон, ки дар сарварии як ҳайати баландпояи низомӣ – амниятӣ ба Покистон сафар кардааст, дар шаҳри Ровилпендӣ бо Хоҷа Муҳаммад Осиф – вазири дифои ин кишвар дидор кард ва ду тараф бар ҳамкории дуҷониба дар заминаи иттилоотӣ ва низомӣ ба тавофуқ расиданд.
Тибқи ин гузориш вузарои дифои Тоҷикистон ва Покистон дар ин дидор мавзӯоти мавриди алоқаи мутақобил, ҳамкориҳои дифоӣ ва охирин таҳаввулоти минтақаро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Муҳаммад Осиф ҳамчунин дар ин дидор тарҳи коридори иқтисодии Покистон – Чинро дорои фурсатҳои нав ва беназир барои тақвияти иртибот ва якпорчагӣ аз бандари Гводар то Кошғари Чин ва Мурғоб дар Тоҷикистон донист.
Бинобар таъкиди вазири дифои Покистон, Исломобод ва Душанбе ба унвони ҳамсояи Афғонистон бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятии мушобеҳе рӯбарӯ ҳастанд ва тарафи покистонӣ ба расондани тахассуси фаннӣ бо неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин бора идома медиҳад.
Муҳаммад Осиф гуфт: Покистон муътақид аст, ки тамоми мушкилоти Афғонистон бояд ба шакли мусолиматомез ҳал шавад ва аз талошҳои Тоҷикистон барои ҳифзи сулҳу сабот дар минтақа низ қадрдонӣ мекунад.
Қаламонлайн