Тоҷики ман

Тоҷики ман

Нодира Назарӣ

Тоҷики ман миллати куффор нест!

Бехудо чун Иблиси бадкор нест!

Даври домонаш ибодатгоҳи дин,

Нашъаманду даюсу бемор нест!!!

Тоҷики ман аз нажоди Ориё,

Покдил ҳасту нигоҳаш бериё!

Доғи тӯҳматро ба номаш кардаӣ,

Дуни қотил! Ту намонӣ бе ҷазо!

Тоҷики ман, то ба Ғарб асту Шимол,

Хони неъмат дораду нони ҳалол!

Шарқро тоҷик дурахшонтар кунад,

Таъриху фарҳанги тоҷик безавол!

Тоҷики ман ҳар куҷоӣ, зинда бош!

Дар ҷаҳон як миллати арзанда бош!

Душманатро теғи гардун бишканад!

Ту ба рағми душманат фархунда бош!

Тоҷики ман нохалаф, террор нест!

Тундхӯву нокаси даввор нест!

Ваҳшиёна чун сагони русияҳ,

Тоҷики ман шахси бадгуфтор нест!!!

Тоҷики ман, бар касе бовар макун!

Кишвари бегонаро кишвар макун!!!

Хизмати дузду ғарри минбар макун!

Ҷони худро дар хатар дигар макун!!!

***

Чаҳор рӯз мешавад, ки ранҷу азоби рӯҳӣ мекашам, мегиряму дарун-дарун месӯзам, ҳеҷ оромам намегузорад, он доғу бармало тӯҳмати ноҳаққона барқасдонаву пешакӣ маслиҳат шуда, ки 4-муҳоҷири ҷавони тоҷикро гирифтори тӯҳмату лату кӯби ваҳшиёна, шиканҷаҳои бераҳмонаву разилона, руссиёҳкорони Худоношинос қарор доданд!!!

Чаҳор рӯз боз на роҳи рафтаамро медонаму не ҳисоби корам ҳаст, не хоб дораму на осудаам, пас ҳоли модарони мусибатрасида чӣ тур бошад???

Дар ин моҳи муборак маҷбурем он палидонро дуои бад кунем. Илоҳӣ дуои модарони ҷигарсӯхтаро Худоҷон мустаҷоб гардонад.

НОДИРА НАЗАРӢ

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пойи истидлолиён чӯбин бувад
Чиро тоҷикон?

Матолиби пурбоздид