Тромп: Демукротҳо комилан девона шудаанд!
Ахбори байналмилал
Тромп бо интишори паёме дар Truth Social, ба шиддат ба расонаҳои омрикоӣ ва Ҳизби демукрот, ки мунтақиди ӯ дар ҷанги Эрон ҳастанд, ҳамла кард.
Вай дар ин паёми худ навишт:
“Агар Эрон таслим шавад, бипазирад, ки нерӯи дарёиаш рафта ва дар қаъри дарё орамидааст ва нерӯи ҳавоиаш дигар бо мо нест ва агар тамоми артишаш аз Теҳрон хориҷ шавад, силоҳҳояшро замин бигузорад ва дастҳояшро боло бигирад ва ҳар кадом фарёд бизанад: “Таслим мешавам, таслим мешавам” ва парчами сафедро ба нишонаи намояндагӣ такон диҳад ва агар тамоми раҳбарони боқимондааш тамоми “асноди таслим”-и лозимро имзо кунанд ва шикасти худро дар баробари қудрат ва нерӯи азими Иёлоти Муттаҳидаи бошукӯҳ бипазиранд, New York Times-и шикастхӯрда, маҷаллаи Wall Street Journal (WSJ), CNN-и фосид ва ҳоло берабт ва тамоми аъзои дигари расонаҳои хабарии ҷаълӣ титр хоҳанд зад, ки Эрон пирӯзии устодона ва дурахшоне бар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико доштааст.
Демукротҳо ва расонаҳо комилан роҳи худро гум кардаанд. Онҳо комилан девона шудаанд.”
Қаламонлайн












