Умед доштан – ҳамаи зиндагист!

Умед доштан – ҳамаи зиндагист!

Дар ноумедиҳо басе умед аст,

Поёни шаби сияҳ сафед аст…

***

Зинда будан, нисфи зиндагист, аммо умед доштан, ҳамаи зиндагист!

***

Умед моро хушбахттар ва шодмонтар мекунад.

***

Умед – яъне бо вуҷуди тамоми торикиҳо, нурро бубинӣ…

***

Умеди воқеӣ, яъне умедворӣ дар лаҳзае, ки ҳама чиз ноумедкунанда ба назар мерасад!

***

Умед монанди сутунест, ки ҷаҳонро сари по нигаҳ медорад.

***

Сабз мондан дар миёни вайронӣ реша мехоҳад.

***

Зиндагӣ ҳеч гоҳ ба бунбаст намехурад, кофист, чашм боз кунем ва роҳҳои кушодаи бешумореро дар пеши рӯи худ бубинем. Худо ки бошад, ҳар мӯъҷизае мумкин аст.

***

Умед яке аз чашмаҳои аслист, ки башарро дар ҳаракат нигаҳ медорад.

***

Умед монанди офтоб аст; ҳар чӣ ба он наздиктар шавӣ, сояи мушкилот пушти сарат камтар хоҳад шуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истифодаи Украина аз таҷҳизоти низомии “Исроил” дар ҷанг
Амонатдорӣ дар суханони гуҳарбори Паёмбари Акрам(с)

Матолиби пурбоздид