Фаҳми Қуръон авлотар аст ё рафтан ба ҳаҷ?
Пурсишу посух
Пурсише аз Устод Сайидюнуси Истаравшанӣ
Пурсиш: Домулло! Як саволе дорам. Мардуми мо — танҳо ё бо тамоми хонавода — ба ҳаҷ мераванд, аммо аксари онҳо Қуръонро нахондаанд. Имрӯзҳо тарҷумаи Қуръон бо хатти кириллӣ дар дасташон ҳаст. Оё барои ин мардум авлотар ё фарзтар хондани Қуръон аст ё ҳаҷ рафтан?
Shahob Hikmat
Посух: Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Инчунин пурсишҳо бисёр матраҳ мешаванд. Бештар мепурсанд, оё дар пешгоҳи Худо ин беҳтар нест, ки як тоҷики мусалмон, дар имрӯз, ба ҷойи рафтан ба ҳаҷ, пулеро, ки барои он харҷ мекунад, барои сохтани як бемористон масалан харҷ кунад, ё як мактаб ва ё роҳ созад ё масалан пуле (кӯпруке) бино кунад ва аз ин қабил корҳои хайр? Инҳо, ки ҳатман пеши Худо арзишашон бояд бештар бошад.
Суол бештар чунин матраҳ мешавад. Суоли шуморо низ аз як зовия, метавон дар қатори ҳамин гуна пурсишҳо гунҷонид. Албатта, аз ин суоли шумо метавон чунин бардошт ҳам кард, ки ба назари шумо, аҳаммияти маърифат дар ислом, бештар аз амале мисли ҳаҷ аст. Ин ки як инсон маърифат ва шинохташ ба ислом – ки аз тариқи ошноӣ бо Қуръон ҳосил мешаванд – бештар гардад, ба маротиб беҳтар аз ин аст, ки амале барои Худо – ҳаҷ масалан – анҷом диҳад.
Хуб, ҳол посух ба ин пурсиши шуморо – албатта бо такя бар оёт ва ривоёти исломӣ — ба гунае медиҳам, ки барои ҳар дуи ин навъ суол посух бошад, зимни баёни чанд нукта:
1) Нуктаи аввал ин ки: ин гуна суолҳо бештар ношӣ аз ин аст, ки мо, бо ҷойгоҳи ҳаҷ дар ислом ба таври бояд ошно нестем. Ин ки ҳаҷ дар ислом, дар канори шаҳодатайн, намоз, рӯза ва закот, яке аз поя ва асосҳои (фундаментҳои) ойини ислом қарор дода шудааст, ин беҷиҳат нест. Ҳазрати Паёмбар (с) дар ҳадисе саҳеҳ мефармоянд:
بُنِيَ الإسْلَامُ علَى خَمْسٍ: شَهَادَةِ أنْ لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ وأنَّ مُحَمَّدًا رَسولُ اللَّهِ، وإقَامِ الصَّلَاةِ، وإيتَاءِ الزَّكَاةِ، والحَجِّ، وصَوْمِ رَمَضَانَ
“Ислом, бар панҷ поя бино шудааст: гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуде ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, пардохти закот, ҳаҷ, рӯзаи моҳи Рамазон.” (Саҳеҳи Бухорӣ)
Ва дар ривояте дигар, ин қайд низ зикр шуда: “… ва ҳаҷҷи хонаи Худо барои касе, ки тавоноии онро дорад.”
Дар Қуръон низ ҳаст, ки:
وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا
“Ва Худоро ҳаққе собит ва лозим бар ӯҳдаи мардум аст, ки (барои адои ҳаҷ) оҳанги он хона кунанд, (албатта) касоне, ки (аз ҷиҳати саломати ҷисмӣ ва тавонмандии молӣ ва боз будани масир) битавонанд ба сӯйи он роҳ ёбанд…” (Сураи Оли Имрон, ояти 97)
Пас ҳамон тавре, ки намоз дар назди мо, мусалмонон аз аҳаммияти бисёр волое бархӯрдор аст ва аз ин рӯ барои анҷоми он ҳарисем, ҳамчунин ҳаҷ бояд чунин бошад, гӯ ин ки агар ҳаҷ таътил шавад ва ба он таваҷҷӯҳ накунем, дуруст мисли ин аст, ки намоз намехонем. Албатта ин фалсафа дорад, ки арз хоҳад кард.
Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки барои анҷомдиҳандаи он, савоб ва подошҳое ваъда шудааст, ки дар соири фарзҳои илоҳӣ камтар метавон шабеҳи онҳоро дид. Ҳазрати Паёмбар (с) фармоянд:
من أَتَى هذا البيتَ فلم يَرفُثْ، ولم يَفسُقْ رَجَع كما ولَدَتْه أمُّه
“Ҳар кас ҳаҷ кунад (ва ҳангоми эҳром) аз омезиш ва умури шаҳавонӣ бо ҳамсараш парҳез намояд ва маъсият ва гуноҳ накунад, замоне, ки аз ҳаҷ бозмегардад, монанди рӯзе аст, ки модараш ӯро зоидааст.” (Саҳеҳ Бухорӣ) Яъне дигар ҳеч гуноҳе надорад, тамоми гуноҳонаш бахшида мешаванд, мисли ин ки тоза аз модараш таваллуд шуда.
Ва дар ҳадисе дигар аст, ки:
والحجُّ المبرورُ ليس له جزاءٌ إلَّا الجنَّةُ
“Ҳаҷчи мақбул подоше ҷуз ҷаннат надорад” (Саҳеҳ Бухорӣ)
Аз тарки ин фаризаи илоҳӣ ва холӣ гузоштани хонаи Худо яъне Каъба, ба шиддат наҳй шудаа, ба наҳве, ки дар ҳеч фарзи илоҳӣ шабеҳи онро намеёбед. Ҳазрати Алӣ (а) дар вопасин лаҳазоти умри шарифаш, ки дошт аз дунё мерафт, васиятҳои муҳимме кард ва аз ҷумла фармуд:
اللَّهَ اللَّهَ فِی بَیْتِ رَبِّکُمْ لَا تُخَلُّوهُ مَا بَقِیتُمْ فَإِنَّهُ إِنْ تُرِکَ لَمْ تُنَاظَرُوا
Яъне “Худоро, Худоро дар бораи хонаи парвардигоратон (яъне Каъба)! То ҳастед, онро холӣ магузоред, ки агар Каъба холӣ шавад, мӯҳлат дода намешавед.” (Наҳҷул-балоға”) Яъне вақте шумо нисбат ба амали ҳаҷ бепарво мешавед ва ба ҳар баҳонае, хонаи Худоро яъне Каъбаро холӣ мегузоред, дар ин сурат, Худо дигар барои шумо мӯҳлат намедиҳад, аз байн мебарадатон, нобуд хоҳед шуд. Фаласафаашро арз мекунам.
2) Пеш аз он ки фалсафаи ҳаҷро баён кунам ва ин ки чаро дар ислом ин фаризаи илоҳӣ аз якчунин ҷойгоҳе бархӯрдор аст, шоиста аст як хато ва иштибоҳи роиҷ дар байнамонро ёдоварӣ кунам, ки дар воқеъ посух ба он пурсиши шумо ҳам ҳаст. Ва он ин ки: мо бисёр вақт масъалаи муҳиммеро дар канори як масъалаи муҳимми дигар матраҳ мекунем ба гунае, ки гӯё он ду қобили ҷамъ нестанд ва бояд яке аз он дуро интихоб кард.
Ба унвони мисол, вақте масъалаи ҳаҷро матраҳ мекунем, фавран масъалаи лузуми сохтани мактаб ё бемористон ва ё бинои пуле ба зеҳнамон меояд ва мегӯем: оё беҳтар нест (ва ё, муҳимтар нест, ба ҷойи ҳаҷ) мактаб ё бемористон масалан бисозад? Гӯ ин ки мусалмон дар миёни ду чиз мухтор гашта, ки бояд яке аз он дуро интихоб кунад; ё мактаб бисозад ва ҳаҷ наравад ва ё ҳаҷ равад ва мактаб насозад.
Хуб, ин дуруст нест. Магар ин ду қобили ҷамъ нестанд? Яъне тараф ҳам ҳаҷ равад ва ҳам агар қодир аст мактаб бисозад. Ҳам масалан пул (кӯпрук) бисозад ва ҳам ҳаҷ равад.
Ва ё ҳамин масъалае, ки матраҳ фармудед, ки оё ошноӣ бо Қуръон авлотар аст ё анҷоми ҳаҷ? Хуб ҳар ду зарурат дорад. Магар қобили ҷамъ нестанд? Ту, ҳам ҳаҷҷатро анҷом бидеҳ ва ҳам маърифати худ нисбат ба Қуръонро боло бибар. Аммо ин ки кадом авлотар ва муҳимтар аст, ҷавоб ин аст, ки ин ду масъала гӯ ин ки лозиму малзуми якдигаранд. Касе, ки мехоҳад ҳаҷ кунад, қатъан як омодагие мебинад, ки аз ҷумлаи он аст ошноӣ бо Қуръон, лоақал он чи марбут ба ҳаҷ аст. Чунин нест, ки бигӯем, яке аз ин ду муҳимтар аз дигаре аст. Асосан, қарор нест банда ба ин гумон, ки бо мафоҳими қуръонӣ огоҳ шавам, ҳаҷро тарк кунам. Маъно надорад.
Асосан, ин аъмол, ки ба назарамон муҳимтар аз ҳаҷ намоён мешаванд (чӣ сохатни бемористон бошад ё ошноӣ бо мафоҳими қуръонӣ) ин аъмолро иттифоқан касе анҷом медиҳад, ки ӯ тасмим дорад ба ҳаҷ равад ва ё ҳаҷ рафта. Шаҳид Мутаҳҳарӣ як сухани бисёр пурмазмуне дар ин робита доранд; мегӯянд:
“Ин ҳарфҳое, ки дигарон мегӯянд роҷеъ ба ин ки чаро мо биравем масалан зиёрати ҳаҷ, зиёрати Мадина, пули худамонро бирезем ба ҷайби мардуми хориҷӣ, ё чаро биравем Ироқ зиёрат кунем? Ҳамон пуле, ки он ҷо мехоҳӣ бидиҳӣ, ин ҷо биё харҷ кун!
Ин хаёл мекунад, одам мехоҳад пул харҷ кунад, ки аз пул харҷ кардан савоб бибарад ва мегӯяд, он савоберо, ки мехоҳӣ аз он зиёрат бибарӣ, масалан биё ин ҷо як бемористон бисоз, ҳамин савобро ба ту медиҳанд…
Сӯҳбати савоб нест. Сӯҳбати болотар аз савоб аст… Бирав Макка ва зинда шав. Барав зиёрати қабри Паёмбар (с) нерӯ бигир! Муҳаббат пайдо кун! Бирав бо Ҳусайн ибни Алӣ (а) муошиқа кун ва руҳатро зинда кун! Бирав бо Алӣ ибни Абӯтолиб (а) муошиқа кун ва руҳатро зинда кун!
Он вақт бо руҳи зинда биё Эрон ва вақте бо руҳи зинда омадӣ, он вақт бемористон ҳам месозӣ; 100-то бемористон ҳам месозӣ, ҳусайния ҳам месозӣ, пул ҳам месозӣ, мадраса ҳам месозӣ, ҳазор кори хайр ҳам мекунӣ…
Ин корҳои хайре, ки дар ин кишвар сурат мегирад, чаро он касоне, ки Макка намераванд, аз ин корҳо намекунанд? Чаро онҳое, ки пулҳояшонро дар Порис, Ландан ва Суис масраф мекунанд, аз ин корҳо намекунанд?
Барои ин ки ӯ меравад дар он ҷо руҳашро палиду олуда мекунад. Бармегардад ин ҷо, як одами моддӣ мешавад. Беморе бимирид, ба дарак! Ба ман чӣ? Бачча бе мадраса аст, ба ҷаҳаннам, ки бе мадраса аст, ба ман чӣ?!
Вале ин (ҳоҷӣ) меравад, инсон мешавад ва бармегардад, ишқ пайдо мекунад ва бармегардад, муҳаббат пайдо мекунад ва бармегардад…”
3) Нуктаи севвум дар бораи фалсафаи ҳаҷ: дар робита бо фалсафаи ҳаҷ ва фоидаҳои он зиёд сухан зиёд гуфта шуда. Банда фақат ба сурати бисёр мухтасар чанд фоидаи онро бароятон арз мекунам, ки хоҳед дид, чаро ҳаҷ ин қадр назди мо аз аҳаммият бархӯрдор аст!
а) Буъди ахлоқии ҳаҷ: муҳимтарин фалсафаи ҳаҷ, ин дигаргунии ахлоқӣ аст, ки дар инсонҳо ба вуҷуд меоварад. Вақте мусалмон либоси эҳром ба тан мекунад, ӯро ба куллӣ аз имтиёзоти зоҳирӣ берун мебарад, ӯро аз ҷаҳони модда ҷудо карда ва дар оламе аз нуру руҳоният ва сафо фурӯ мебарад.
б) Буъди сиёсии ҳаҷ: маросими ҳаҷ муассиртарин васила барои пешбурди аҳдофи сиёсии ислом аст. Ҳаҷ, омили муассире барои ваҳдати мусалмонон аст. Ҳаҷ, омили мубориза бо таассуботи миллӣ ва нажодпарастӣ ва маҳдуд шудан дар ҳисори марзҳои ҷуғрофиёӣ аст. Зеро ҳамаи мусалмонон дар айёми ҳаҷ дар канори якдигар ва бидуни имтиёзҳои ҷуғрофиёӣ ва мансабу мақом қарор мегиранд.
в) Буъди фарҳангии ҳаҷ: иртиботи қишрҳои мусалмонон дар айёми ҳаҷ метавонад ба унвони муассиртарин омили мубодилаи фарҳангӣ ва интиқоли фикрҳо бошад. Бинобар ин, дар ривоёти исломӣ мехонем: яке аз фавоиди ҳаҷ, нашри ахбор ва осори Расулуллоҳ ба тамоми ҷаҳон ислом аст.
г) Буъди иқтисодии ҳаҷ: бар хилофи он чи баъзе фикр мекунанд, истифода аз маросими ҳаҷ барои тақвияти пояҳои иқтисодии кишварҳои исломӣ на танҳо бо руҳи ҳаҷ мунофот надорад, балки тибқи ривоёти исломӣ, яке аз фалсафаҳои онро ташкил медиҳад. Чӣ монеъе дорад мусалмонон дар он иҷтимоъи бузург, пояи як бозори муштараки исломиро бигузоранд ва заминаҳои мубодилотӣ ва тиҷориро дар миёни худ ба гунае фароҳам созанд, ки на манофеъашон ба ҷайби душманонашон бирезад ва на иқтисодашон вобаста ба аҷониб бошад, ки ин дунёпарастӣ нест, айни ибодат аст ва ҷиҳод.
Ва албатта ҳаҷ дигар фавоид ва фалсафаҳое дорад, ки ёддошти ҳозир гунҷоиши так-таки онҳоро надорад.
Саломат бошед бародари азиз Шаҳоб!
Бо эҳтиром, Сайидюнуси Истаравшанӣ
qalamonline.net
Қаламонлайн