Худовандо, замин кошонаи ҳуснат

Адаб

Худовандо, замин кошонаи ҳуснат

Аҳмадҷон Раҳматзод

Маро ту ёд додӣ зиндагӣ кардан ба танҳоӣ,

Маро ту ёд додӣ ҷустуҷӯи бахту зебоӣ…

Ба ҳар коре туро пайрав шудам, эй ишқи яктоӣ,

Чу дар ту ёфтам охир ҷавониро ба барноӣ!

Кунун шогирди зебоипарасти хонаи ҳуснам,

Талабгори мизоҷи хушқади кошонаи ҳуснам.

Дар ин ҷо ҳар каси гумкардахудро боз меёбанд,

Ниҳоятҳои ранги беҷило оғоз меёбанд…

Дар ин ҷо миҷҷаҳоро лашкари сафбаста мебинӣ,

Ба зулф ороиши райҳони хушбӯ баста мебинӣ.

Дар ин ҷо нохуни бишкаста локӣ мекунанд осон,

Лаби олуи ширинро ҳалокӣ мекунанд осон…

Туро яъне аз ин лаб то қиёмат ҳам халосӣ нест,

Чунон соҳибнигаҳ дар асри мо инсони осӣ нест.

Дар ин ҷо масту шайдо мешавӣ, пешобағал дида,

Ба рӯю лаб ҷилои донаи нору асал дида…

Дар ин кошона ғайр аз ҷони ман ҳар чиз меёбанд,

Диламро дар тапиш дар рӯҷилои миз меёбанд…

Дар ин ҷо кӯҳнаро нав мекунанд осон ба танзи ранг,

Ба тори мурдаи дилҳо ба завқе медиҳанд оҳанг.

Ту гӯӣ зан дар ин ҷо то сару по мешавад таъмир,

Шавад оғоз гӯё шодӣ аз ояндаи тақдир…

Дар ин ҷо бахтро ҳам дар ҷилои ҳусн меёбанд,

Арӯси ишқи фардоро худои ҳусн меёбанд.

Назокатро назофатбахш медорад малоҳат ҳам,

Ба дилҳо нур мебахшад муҳаббат чун каромат ҳам.

Умеду орзу доманкашоли духтарон ин ҷо,

Ҳама гултоҷи шавкат дар намои ахтарон ин ҷо.

Саодатҷӯ дар ин ҷо бахт мекобад ба фардояш,

Садоқатхоҳ ҷонашро диҳад бар ишқи волояш…

Худовандо, Заминро кардаӣ чун хонаи ҳуснат,

Равуо он қадар бисёр дар кошонаи ҳуснат!

Ҳама ин ҷо ба зебоӣ туро тақлид мехоҳанд,

Ба ин уммед аз умри дурӯза ид мехоҳанд.

Чунинам кардаӣ ҳастии моро аз таманно пур,

Ки ҳар он хоҳиши мо мешавад бе рангу рӯъё пур.

Заминат он қадар мо зеб бахшидем бо заҳмат,

Ки то дар рӯзгори мо бувад он хонаи қисмат…

Аҳмадҷон Раҳматзод

Қаламонлайн

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳодисаи Карбало (1)
Сайидҳасан Насруллоҳ: “Ҳар кас зулм ба миллати Фаластинро нодида бигирад, аз назари ақлӣ, қалбӣ ва руҳӣ мурдааст”

Матолиби пурбоздид