Чаро Амрико ва Исроил барои идомаи ҷанги Ғазза исрор доранд?
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ҳикмати исрори саҳюнистҳо ва Омрико бар идомаи ҷанг дар Ғазза
Бо ин ҳама обрӯрезӣ барои саҳюнистҳо – ки аз замони ташкили ин кишвари ҷаълӣ дар 80 сол пеш, бо он рӯбарӯ ҳастанд ва дар тамоми дунё манфур гаштаанд – аммо ин режим ва Омрико хоҳони таваққуфи ҷанг нестанд; инҳо дар воқеъ замоне мехоҳанд оташбас эълон кунанд, ки Ҳамос дастонашро ба унвони таслим боло бардорад ва асиронро таҳвил бидиҳад ва бигӯяд, ғалат кардам! Инҳо ҳаминро мехоҳанд.
Вагарна, агар алъон ҷангро мутаваққиф кунанд, ҳам Натонёҳу қабрашро ба дастони худ канда ва ҳам Тромп. Ҳамос инро хуб дарк мекунад, аз суханони Халил ал-Ҳайя, раиси дафтари Ҳамос, ки дишаб эрод кард, ба вузуҳ метавон инро фаҳмид.
Албатта исрори Натонёҳу ва Тромп бар идомаи ҷанг, як ҳикмат ҳам дорад; ҳикмате илоҳӣ, ки ҳоло арз хоҳам кард ва ин ёддошт барои баёни ҳамин нукта аст. Аммо қабл аз баёни он, лозим аст арз кунам, ки: идомаи ин ҷанг ва ин ҳама ранҷу азобе, ки мардуми бечораи борикаи Ғазза мекашанд, ин бисёр-бисёр сахт аст ва дидани ин саҳнаҳо одамро озор медиҳад ва аз ин рӯ фикр накунам, касе, ки аз виҷдони инсонӣ бархӯрдор аст, хоҳони таваққуфи ин ҷанг набошад. Ҳамаи инсонҳо дар рӯйи замин хоҳони поёни ин ваҳшат ҳастанд.
Бинобар ин, нуктае, ки алъон мехоҳам арз кунам, ба ҳеч ваҷҳ ба маънои ин нест, ки Худой нокарда тарафдори идомаи ин ҷанг бошам. Ҳаргиз ва абадан! Балки барои баёни як ҳикмати илоҳист.
Ва он ҳикмат ин аст: Худо мехоҳад чеҳраи одамҳо ҳамон тавр, ки дар воқеъ ҳаст, ошкор ва тамоми ниқобҳо аз рӯйи чеҳраи афрод бардошта шавад; ниқобҳое, ки дар ду қарни ахири 20 ва оғози 21, ноодамон хусусан сиёсатмадорон бо ҳазорон василаи фиребанда хусусан расона, рӯйи худ кашида буданд ва барои мардуми дунё пӯшида буд.
Ин ҷанги хонумонсӯз чеҳраи аслии саҳюнистҳо ва касонеро, ки аз инҳо ба ҳар баҳое ҳозиранд ҳимоят кунанд, нишон дод. Чунин нест, ки фақат Натонёҳу ва чанд адади бошумор аз сарони ин режим хоҳони ҷанг бошанд ва дигаронаш “фаришта” – чунонки баъзеҳо ҳамин гуна фикр мекунанд. Балки тамоми саҳюнистҳои ғосиб, чӣ ансори Натонёҳу ва чӣ мухолифони сиёсиаш ноодам ҳастанд. Ҳамчунин дар Омрико низ, чунин нест, ки фақат Тром ва шариконаш хоҳони ҷанг бошанд ва дигар сиёсатмадоронаш – масалан демукротҳо – “фаришта”. На! Онҳо низ дастонашон ба хуни фаластиниҳо олуда аст.
Ва ҳамчунин гурӯҳҳои мухолифи режими Исроил ва Омрико низ, ки бо вуҷуди ҳазорон мушкил ва аз даст додани азизони зиёд, аммо бо ин режим даст ба гиребонанд ва пайкор мекунанд, чеҳраи воқеии ин гурӯҳҳо низ барои ҷаҳониён ошкор шавад; чеҳрае, ки дар хилоли солҳои зиёд, ҳамон ситамгарон ва зӯргӯён, ки алъон фаластиниҳоро мекушанд, ба василаи расонаҳои худ, ин чеҳраро “терурист” ва “диктотур” нишон медод ва бисёреҳо мутаассифона ба ин ёваҳо бовар карда буданд ва ҳанӯз ҳастанд касоне, ки боварашон ҳамин аст.
Магар на ин аст, ки Ҳамос дар бештари кишварҳои ғарбӣ то кунун ба унвони як гурӯҳи теруристӣ матраҳ аст?! Ҳамосе, ки дар набард бо саҳюнистҳои ноодам аст. Ҳамчунин Ҷиҳоди Исломӣ ва соири гурӯҳҳои фаластинии муқовим?!
Магар на ин аст, ки аз Ансоруллоҳ чӣ чеҳрае тарсим карда ва мекунанд?!
Магар на ин аст, ки аз Ҳизбуллоҳ чӣ бадгӯиҳое гуфта шуд ва ҳанӯз мешавад?!
Магар на ин аст, ки Эрони Исломӣ, ки танҳо давлат дар дунёи имрӯз аст, ки бо саҳюнистҳо ва Омрико дасту панҷа нарм мекунад, дар назди Омрико ва кишварҳои урупоӣ ба унвони як давлати “терурист” ва “диктотур” матраҳ аст ва онро таҳрим кардаанд?!
Бинобар ин, ин ки ин ҷангро он ноодамҳо намехоҳанд мутаваққиф созанд ва исрор доранд ба кӯдаккушии худ идома диҳанд, зоҳиран аз назари ҳикмати илоҳӣ ҳанӯз чеҳраҳо чунонки бояд ошкор шавад, ошкор нашуда. Зоҳиран ҳанӯз ҳастанд касоне, ки Исроилро кишваре “демукротик” ва Меҳвари Муқовиматро “терурист” мушуморанд!
Ин аст ҳикмати илоҳӣ!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн