“Чаро иттифоқоти бад барои раҳбарони бад рух медиҳад?”

Таҳлили хабарӣ

“Чаро иттифоқоти бад барои раҳбарони бад рух медиҳад?”

Таҳлиле бисёр хонданӣ аз Томас Фридман (Thomas Friedman) дар рӯзномаи New York Times:

“Путин ва Натонёҳу нишон доданд, ки чаро иттифоқоти бад барои раҳбарони бад рух медиҳад”

Ишора: Томас Фридман сутуннависи рӯзномаи New York Times ва муфассир ва нависандаи сиёсии омрикоӣ аст. Ӯ яҳудитабор ва гароишҳои саҳюнистӣ дорад. Се бор барандаи ҷоизаи Pulitzer ба унвони сутуннависи ҳафтагии New York Times барои пӯшиши хабарии ҷанг дар Лубнон, ахбор ва таҳаввулоти “Исроил” ва таъсири ҷаҳонии теруризм шудааст. Ӯ матолиби зиёде дар мавриди умури марбут ба Ховари Миёна менависад.

Фридман ахиран дар матлабе таҳти унвони “Путин ва Натонёҳу нишон доданд, ки чаро иттифоқоти бад барои раҳбарони бад рух медиҳад” (Putin and Netanyahu Show Why Bad Things Happen to Bad Leaders) навиштааст:

“Барои ман такондиҳанда аст, ки Владимир Путин ва Бенёмин Натонёҳу (нахуствазири Исроил) дар ин рӯзҳо то чӣ андоза бо якдигар нуқтаи иштирок доранд: ҳар ду худро ба унвони шатранҷбозони стратегии бузурге дар дунё медонанд ва соири раҳбарони дунё ба назарашон, сирфан шашки бозӣ мекунанд. Бо ин вуҷуд, ҳар дуи онон ба таври комил хонише иштибоҳ аз дунёе доштаанд, ки дар он машғули бозӣ ҳастанд.

Дар воқеъ, хониши онон ба қадре иштибоҳ ва бад буда, ки ба назар мерасад ҳар як ба танҳоӣ шатранҷ ё шашки бозӣ намекунанд, балки дар ҳоли бозии рулети русӣ (русская рулетка) ҳастанд. Рулети русӣ қарор нест ба танҳоӣ бозӣ шавад, аммо Натонёҳу ва Путин ҳар ду онро ба танҳоӣ бозӣ мекунанд.

Путин фикр мекард, ки метавонад зарфи чанд рӯз Киевро тасарруф кунад ва бо ҳазинаи бисёр андак аз ин ҳадаф барои беэътибор кардани Иттиҳодияи Урупо истифода карда ва посухе ба густариши қаламрави НАТО бидиҳад.

Бо ин вуҷуд, инзиво ва худфиребии Путин мунҷар ба муҳосиботи иштибоҳи ӯ ва бароварди нодуруст аз артиши Русия, тавони артиши Укройн, вокуниши муттаҳидони НАТО ва вокуниши Ҷу Бойден шуд.

Ӯ ҳамчунин бардоште нодуруст аз вокуниши мардуми Укройн, вокуниши Суэс (Шветсия), вокуниши Фанлонд ва Лаҳистон (Полша) шуд. Ӯ дар хониши худ дар бораи вокуниши Олмон ва Иттиҳодияи Урупо низ бардоште нодуруст дошт. Дар чунин раванде Путин акнун Русияро ба мустаъмараи энергии Чин ва гадои паҳподҳои Эрон табдил кардааст.

Барои фарде, ки аз соли 1999 дар раъси Кремлин қарор дошта, ин як хатои бузург аст. Дар он сӯ, Натонёҳу ва эътилофи таҳти раҳбариаш бар ин бовар буданд, ки метавонанд як кудатои қазоии сареъро анҷом диҳанд, ки ба унвони як “ислоҳот”-и қонунӣ ба афкори умумӣ фурӯхта мешавад; кудатое, ки ба онон имкон медиҳад аз заъифтарин натиҷаи интихоботӣ (тақрибан 30000 раъй аз ҳудуди 4.7 миллион раъй) истифода кунанд, то истиқлоли дастгоҳи қазоии Исроил ва Додгоҳи олиро салб карда ва коре кунанд, ки давлат бар дастгоҳи қазоӣ мусаллат шавад.

Ҷолиб инҷост, ки дар аввалин нишасти расмии кобинаи Натонёҳу дар моҳи декабр, ӯ чаҳор авлавияти давлаташро ин гуна феҳристбандӣ кард: масдуд кардани роҳи Эрон, бозгардондани амнияти шахсӣ барои ҳар исроилӣ, расидагӣ ба ҳазинаҳои зиндагӣ ва камбуди маскан ва густариши доираи сулҳ бо давлатҳои арабии перомуни Исроил. Ӯ дар ин феҳрист ба барномааш барои дастгоҳи қазоӣ ишора накард, чаро ки зоҳиран умедвор буд ба роҳатӣ битавонад пружаашро иҷро кунад.

Ӯ иштибоҳ кард. Аксарияти қариб ба иттифоқи мардуми Исроил билофосила ҳадафи ӯро дарёфтанд ва бо бузургтарин вокуниши умумӣ нисбат ба ҳар қонуни пешниҳодӣ дар таърихи Исроил ба ин мавзӯъ вокуниши манфӣ нишон доданд.

Мухолифат акнун дар саросари ҷомеаи Исроил ва фаротар аз он вуҷуд дорад: Натонёҳу артиши худро иштибоҳ гирифт. Ӯ ҳамчунин дар мавриди навъи вокуниши бахши фанноварии Исроил ва вокуниши Бойден муртакиби иштибоҳ шуд. Натоиҷи назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки ӯ дар бораи назари аксарияти раъйдиҳандагони исроилӣ низ муртакиби хато шуд. Ӯ асосан дар бораи ҳизби худ низ муртакиби иштибоҳ шуд.

Алорағми он ки ҳар ҳафта тазоҳуроти густарда алайҳи ислоҳоти қазоии мадди назари ӯ сурат мегирад ҳатто як тазоҳуроти мардумӣ дар миқёси васеъ дар ҳимоят аз шахси ӯ баргузор нашудааст. Натонёҳу ҳатто дар мавриди бархе аз сарсахттарин ҳомиёни муҳофизакори яҳудии омрикоии худ низ дучори иштибоҳ шуд.

Мириам Аделсон дар рӯзномаи ростгарои исроилии Israel Hayom, ки тавассути Шелдон, шавҳари миллиардераш таъсис шуда буд, шевае, ки Натонёҳу аз тариқи он дар талош аст чунин тағйири муҳиммеро эҷод кунад, маҳкум кард. Ӯ навишт: “Пурсишҳое дар мавриди аҳдофи решаӣ ва нигаронӣ аз ин ки чунин иқдоми аҷулона ва ғайримасъулонае чӣ паёмадҳое эҷод хоҳад кард, матраҳ шудааст. Ангезаҳои бад ҳаргиз натоиҷи хубе ба бор нахоҳанд овард.”

Барои фарде, ки шашумин бор аст ба унвони нахуствазир дар қудрат қарор дорад, ин иштибоҳи бузурге маҳсуб мешавад. Пас аз он, чӣ хоҳад шуд? Дуруст ҳадс задед! Натонёҳу ва Путин иғтишошгарони вобаста ба хориҷ ва будҷа ва пулҳои хориҷиро масъули мушкилоти худ медонанд.

Ин дақиқан бозии қадимӣ аз китоби роҳнамои диктотурҳост. Дар ҳоле, ки Путин мураттабан Иёлоти Муттаҳида ва НАТО-ро ба хотири шикастҳои низомии худ дар Укройн муқассир медонад, рӯзномаи Times of Israel дар охирҳои ҳафта гузориш дод, ки Натонёҳу ва хонаводааш ба ин мавзӯъ ишора мекунанд, ки Вазорати хориҷаи Омрико дасти пинҳоне дар эҷоди тазоҳуроти бузург дар Исроил дорад ва онро таъмини молӣ мекунад.

Ин рӯзнома ба нақл аз як мақоми аршади давлатӣ дар ҷараёни сафари ахири Натонёҳу ба Рим – манбаъе, ки маъмулан тавассути нахуствазир барои пинҳон кардани ҳувияти ӯ мавриди истифода қарор мегирад – навишт: “Як маркази созмонёфта вуҷуд дорад, ки ҳамаи тазоҳуркунандагон ба шевае муназзам аз он муншаъиб мешаванд. Чӣ касе ҳазинаи ҳамлу нақл, парчамҳо, мароҳилро таъмин мекунад? Барои мо равшан аст.”

Ин рӯзнома дар идома афзудааст: “Яке дигар аз аъзои ҳайати ҳамроҳи нахуствазир таъйид кард, ки ин мақоми аршад ба Иёлоти Муттаҳида ишора мекунад.” Чӣ гуна мумкин аст, ки ду раҳбар алорағми он ки солҳо дар қудрат будаанд, то ин андоза дучори хатои муҳосиботӣ дар бора ҳама чиз шаванд? Посухи пурсиши ман дар пурсиш нуҳуфтааст: онон солиёни паёпай дар қудрат будаанд.

Ҳар ду раҳбар душманон ва дунболаҳое аз фасод эҷод кардаанд, ки ба онон ин эҳсосро медиҳад, ки ё ҳукумат хоҳанд кард ё мемиранд. Дар мавриди Натонёҳу ин ба маънои воқеии калима муъодили марг аст: ӯ дар ҳоли ҳозир бо иттиҳомоти мутааддид дар бораи иртикоби фасод мувоҷеҳ аст ва агар муҷрим шинохта шавад, мумкин аст бо зиндон ва поёни зиндагии худ дар сиёсат рӯбарӯ шавад. Дар мавриди Путин, ин метавонад ба маънои воқеии калима мурдан ба дасти душманонаш бошад.

Тарси Натонёҳу аз интихоб миёни гузинаи ҳукумат кардан ё мурдан ӯро ба ташкили эътилофе бо ду маҳкуми собиқ ва афрод имӯътақид ба бартарии яҳудиён савқ дод. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз онон пештар тавассути шахси Натонёҳу аз ӯ дур шуда буданд, аммо акнун ӯ дар шароити ноумедӣ маҷбур шуда бо онон шарик шавад, зеро бисёре аз аъзои шоистаи “Лекуд” ҳозир ба ҳамкорӣ бо вай нестанд.

Мавзӯи Путин мутаассифона фаротар аз эътилофсозӣ ва тақсими қудрат аст. Ӯ марди шумораи яки Русия дар авоили даҳаи 2000 буд. Акнун Путин пас аз бар ӯҳда доштани 24 сол масъулият, медонад раҳбаре монанди вай, ки ҳаҷми қобили таваҷҷӯҳе аз пулро ба ҷайб зада ҳаргиз наметавонд ба ҳеч ҷонишине эътимод кунад.

Путин наметавонад мутмаин бошад, ки ҷонишинаш ба ӯ иҷоза хоҳад дод ба таври мусолиматомез дар манзили 1 миллиард доллариаш дар баҳри Сиёҳ даврони бознишастагиашро сипарӣ кунад (ҳуқуқи расмии ӯ 140 ҳазор доллар дар сол аст). Ӯ медонад, ки барои зиндагии озод бояд модомулумр раисиҷумҳур боқӣ бимонд. Бинобар ин, ду навоварии бузурги Путин либосҳои муҳфизӣ барои дурӣ аз душманон будааст.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ барои ман он аст, ки чӣ гуна Путин ва Натонёҳу ҳар ду дар бораи артиши кишварҳояшон дучори хатои муҳосиботӣ шуданд. Путин маҷбур аст барои таҳаммули бори сангини ҷанги худ дар Укройн ба таври фазояндае ба маҳкумон ва муздурон такя кунад, дар ҳоле, ки даҳҳо ҳазор марди рус аз басиҷи нерӯи ӯ фирор карда ва ба хориҷ аз кишвар гурехтаанд.

Дар Исроил халабонони нерӯи ҳавоӣ, пизишкони артиш ва ҷангҷӯёни сайберии нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар ҳамагӣ ҳушдор додаанд, ки нерӯҳои дифоъии Исроил қарор нест ба як диктотури исроилӣ салом кунанд. Се афсари аршади бознишаста ба раҳбарии Ҷуоб Розенберг, муовини собиқи бахши таҳлили иттилооти артиши Исроил, дар ҳафтаи ҷорӣ ба Вошингтун омаданд, то аз Омрико барои таваққуфи кудатои хазандаи Натонёҳу кӯмак дарёфт кунанд.

Ҳамон тавр, ки Моше Яълон, вазири дифоъи собиқи Натонёҳу ва раиси собиқи ситоди артиши Исроил, ахиран дар як гирдиҳамоӣ дар Телавив гуфт: “Тибқи таҷрибаи шахсии ман ба унвони як сарбоз ва фармондеҳ агар Худой нокарда Исроил ба диктотурӣ табдил шавад, мо ба андозаи кофӣ сарбоз нахоҳем дошт, ки омода бошанд ҷони худро барои дифоъ аз кишвар фидо кунанд ва ин амр таҳдиди вуҷудӣ барои кишвари Исроил хоҳад буд. Мо сирфан бояд ба амалкарди заъифи нерӯҳои мусаллаҳ таҳти раҳбарии Путин нигоҳ кунем, ки фоқиди руҳия ва эътимод ба нафс ҳастанд. Мо бояд масири ҳаракати ӯро тамошо кунем, то дарк намоем, ки як диктотур чӣ бар сари як артиш меоварад.”

Дар ниҳоят он ки Путин ва Натонёҳу ҳар ду суръати хуруҷи сармоягузорони ҷаҳонӣ аз кишварҳояшонро комилан дастикам гирифтанд. Додаҳои бозори нашрияи Financial Times нишон медиҳад, ки дар соли гузашта танҳо 13 пружаи сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Русия қобили радёбӣ буда, ки поинтарин сатҳ дар ин ҳавза аз соли 2003 ба ин сӯ маҳсуб мешавад.

Ассаф Раппапорт, яке аз аввалин бунёнгузорони стартапҳои исроилӣ, дар ҳангоми субҳона дар Вошингтун ба ман гуфт, ки ҷомеаи фанноварии Исроил метавонад аз қиёмҳои фаластинӣ, бомбгузорони интиҳорӣ ва мушакҳои Ҳамос алайҳи Телавив ҷон солим ба дар бибарад, аммо аз назари иқтисодӣ наметавонад дар баробари таҳдиде, ки мутаваҷҷеҳи истиқлоли дастгоҳи қазоии Исроил мебошад давом биёварад.

Раппапорт мегӯяд, ки сармоягузорони хориҷӣ ба ӯ гуфта буданд, охирин даври сармояи 300 миллион доллариро дар Исроил анбошта накунад.

Путин ва Натонёҳу ҳар ду мардони “бале, қурбон”-гӯйро атрофашон ҷамъ кардаанд. Дар натиҷа ҳеч касе бо ҳеч ҷойгоҳи сиёсии мустақил ё ҷойгоҳи ахлоқӣ наметавонад муқобилашон биистад ва бигӯяд: “Чӣ кор мекунед? Бас кунед! Ин кор иштибоҳ аст!”

Бо ин вуҷуд, ин мавзӯъ боиси эҷоди як тафовути бузург байни онон шудааст. Ҷаҳон ба беш аз 24 минтақаи замонӣ тақсим шудааст. Русия ба танҳоӣ 11 минтақаи замониро дарбар мегирад. Исроил дар як минтақаи замонӣ қарор мегирад. Путин метавонад як ҷанги фарсоишии тӯлонӣ дар Укройнро таҳаммул кунад; ҷое, ки ҳаргиз маҷбур нест эътироф кунад, ки иштибоҳ кардааст. Ӯ ҳошияҳои зиёде барои иштибоҳоташ дорад.

Натонёҳу аммо мардуми Исроилро то марзи як ҷанги дохилӣ ва шикоф ва тақсими амиқ пеш бурдааст. Ин масир ба баёни дигар як девонагӣ маҳсуб мешавад. Русия метавонад аз раҳбароне, ки рулети русӣ бозӣ мекунад ҷон солим ба дар бибарад, аммо Исроил қатъан нахоҳад натавонист.”

(Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фалсафаи Наврӯз
Эътирофи расонаҳои исроилӣ дар бораи пӯк будани “Исроил”

Матолиби пурбоздид