Чаро таърих бихонем?

Таърих

 

Чаро таърих бихонем?

Ё чаро таърих бидонем?

Хондани таърихи гузаштагон ва ошноӣ бо ҳолу ҳавои онон ва огоҳӣ ба иллати пасрафт ва шикастҳои миллате ва ё пешрафт ва пирӯзиҳои он, фақат барои донистани сирф нест, балки аз ҳама муҳим ва ҳатто муҳимтар аз огоҳӣ ба иллати шикастҳо, то такрорашон накунем ва ошноӣ бо сабаби пирӯзиҳо, то ба онҳо чанг бизанем, муҳимтар аз ҳамаи инҳо, огоҳӣ ба ин воқеият аст, ки то бидонем, мо худамон, бале худамон, дар куҷои таърих қарор дорем? Ва ба иборати беҳтар, то хештанро бишносем. Чӣ тавр! Ҳоло бо як мисол, тавзеҳатон медиҳам.

Масалан, дар таърих мехонем, ки замоне, ки Чингиз ба ҷаҳони ислом юриш овард ва тару хушкро сӯхт, мардум чанд даста шуданд; дастае – ки бисёр андак буданд – то охирин нафас пайкор карданд мисли Темурмалик ва Ҷалодуддини Хоразмшоҳ (фарзанди подшоҳ) ва ҳар ду дар роҳи дифоъ аз дин ва номус, қаҳрамонона ҷангиданд ва ҷоми шаҳодат нӯшиданд.

Дастае аммо таслим шуданд ва барои зиндагии чанд сабоҳ дар ин дунёи фонӣ, тан ба зиллат ва хорӣ доданд ва дар канори муғулҳо алайҳи мардуми худ қарор гирифтанд, ки инҳо низ мисли дастаи аввал теъдодашон андак буд.

Дастае ҳам буданд тамошобин, ки аксариятро ташкил медоданд. Инҳо фақат тамошо мекарданд, то бибинанд, пирӯзӣ насиби чӣ касе хоҳад шуд, то вақте фаҳмиданд, чӣ ҷиҳате пирӯз аст, ба он тараф бичарбанд.

Хуб, ҳоло он матлабро тавзеҳ бидиҳам. Шумо имрӯз, дар қарни 21, вақте ин барга аз таърихро мехонед, фарз кунед агар ин иттифоқ – яъне ҳуҷуми Чингиз ба ҷаҳони ислом – ҳамин имрӯз рӯй медод, дар ин сурат шумо дар куҷо будед ва дар канори кадом даста қарор мегирифтед? Оё ҳамроҳи он шумори андак яъне дар канори Темурмалик ва Ҷалолуддин қарор мегирифтед ҳатто агар кушта шавед? Ё мисли дастаи дуввум тан ба зиллат медодед, то масалан кушта нашавед ва аз ин рӯ дар канори муғул алайҳи миллати худ меистодед? Ва ё монанди аксарияти суммун букм мавзеи бетарафӣ мегирифтед ва тамошо мекардед, ки чӣ хоҳад шуд ва масалан мегуфтед: “Худоё! Золимонро ба золимон машғул бисоз ва моро аз миёни онҳо солим берун овар!”? Буданд чунин афроде.

Мутолеаи таърих барои донистани ҳамин аст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дуои ҳазрати Фотима(р)
Фанои ҷомеа

Матолиби пурбоздид